Суғд: Ошноӣ бо раванди таҷдиду азнавсозӣ дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №1

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ ва корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табоботии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ошноӣ пайдо намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду азнавсозӣ фаро гирифта шудааст. Бинои мазкур ҳанўз соли 1972-и асри гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири кулл бароварда нашудааст. Дар бинои номбурда шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳҳии фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 250 кати табобатӣ барои беморонро фаро мегирад.

— Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангории таҷдиду азнавсозии бинои ҷарроҳию табобатии беморхона таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки бинои мазкур мавриди азнавсозӣ ва ҷадид қарор дода шавад. Зеро талаботи замони муосир моро водор месозад, ки ба шароити табобату муоилиҷа ва барқароркунии саломатии шаҳрвандон аҳамияти хоса диҳем,- меафзояд манбаъ.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани корҳои бсифати сохтмонӣ дастуру нишондҳои мушаххас додааст. Аз ҷумла, дар самти батартибдарории ҳудуди беморхона мароқ зоҳир карда шуда, таъкид гардидааст, ки беморхона бояд аз даромади асосӣ ба макони орому осишта ва зебою мунаввар тадбил дода ва бинову иншооти худсохт ба низом дароварда шаванд. Деворҳои иҳотавӣ, ҷӯйборҳо, роҳрав ва истгоҳи мошинҳо азнавсозӣ гарданд. Барои беморон ва корафтодагон шароити мусоиду замонавӣ баҳри муоилаву дидорбинӣ муҳайё карда шавад.

Зимни боздид аз майдонҳои ҳудуди беморхона ба масъулин дастур дода шудааст, ки ҷиҳати истироҳату фароғати беморон ва пайвандони онҳо беҳтарин шароити тафреҳӣ муҳайё карда шавад. Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талаботи меъморӣ бунёд гардад ва барои сайругашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шавад. Биноҳои худсохти ғайриқонунӣ бартараф карда шаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алъон корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён доранд ва беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо кору фаъолияти доимӣ машғуланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *