Суд 13 қарори раиси ноҳияи Спитаменро бекор кард
13 адад қарори раиси ноҳияи Спитамен аз ҷониби Суди иқтисодии вилояти Суғд давоми соли 2021 бекор карда шуд. Ин нишондоди аз ҳама баландтарин дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд будааст.
Аз 18 парвандаҳои воридшуда, ҳамагӣ 5 ададаш рад ё қисман қонеъ гардида ва боқимонда бекор гардидааст. Ин нишондоди Суди иқтисодии вилояти Суғдро раиси ноҳия Темурҷон Нумонзода дар нишасти матбуотӣ тасдиқ намуд ва изҳор дошт, бо назардошти ин, ба 36 қарорҳои раиси ноҳия эътирози прокурорӣ низ оварда шудааст, ки нисбати соли 2020, 12 эътироз зиёд мебошад. Темурҷон Нумонзода ҳодисаро шарҳ дода баён дошт, ки қисми зиёди қарорҳои бекоргардида, баҳсҳои вобастта ба замин, ҷудосозии қитъаҳои замин ва ба мисоли ин мавзӯъҳо аст.
Гуфта шуд, қарорҳое, ки эътироз ё бекор карда шудааст, на танҳо дар соли гузашта ба имзо расидааст, балки ҳолатҳое ҳаст, ки ба раисони собиқи ноҳияи Спитамен низ рост меоянд.
Ҳоло мувофиқи омори Суди иқтисодии вилояти Суғд, 68 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бекор карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 4 ҳолат зиёд мебошад. Баъди ноҳияи Спитамен, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо нишондодҳои баланд зинаи дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Раҳмоналӣ Исмоилзода танҳо номи шаҳрҳои Бӯстону Истиқлол ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро оид ба бекоршавии қарорҳояшон нагирифт. Боқимонда дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бекоршавии қарорҳои раиси ноҳия ба қайд гирифта шудааст.
Фаррух Усмонов,
махсус барои Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ