Суханҳои нав бишнавед аз Камол
Мусоҳиба бо Баҳроми Раҳматзод, директори “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”
Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ҳанӯз 5 — сола аст, вале дар ин муддати кӯтоҳ кормандони он корҳоеро ба сомон расониданд, ки як институт дар даҳ сол аз уҳдаи он намебарояд. Самти асосии фаъолияти ин муассиса таҳқиқи рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ аст, бинобар ин дар арафаи таҷлили 700-солагии шоир бо директори марказ адабиётшинос Баҳроми Раҳматзод суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мекунем.
-Баҳромҷон, мехоҳам нахуст дар мавриди таъсиси ин марказ ба хонандагони мо маълумот диҳед.
— Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” охири соли 2014 таъсис шуд ва нахустин роҳбари он адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филология, профессор Фахриддин Насриддинов буданд. Аз ибтидо бештари ҳайати кормандони марказро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар самтҳои мушаххаси илмӣ фаъолият мебаранд. Феълан дар муассиса 12 нафар аҳли таҳқиқ фаъолият доранд, ки аз онҳо ду нафар профессор ва як нафар номзади илм мебошанд. Банда аз рӯзи аввали таъсис дар марказ кор мекунам ва аз соли 2017 масъулияти роҳбарии онро ба дӯш дорам.
-То имрӯз марказ дар самти шинохти Камоли Хуҷандӣ чӣ корҳоро ба сомон расонид?
-Аз ибтидо самти асосии фаъолияти муассисаи мо бо мақсади пажӯҳиши паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ буд. Бинобар ин, нахустин асаре, ки бо пешгуфтори профессор Фахриддин Насриддинов соли 2015 ҳамчун дастури ояндаи камолпажӯҳӣ ба нашр расид, “Муқаддимаи камолшиносӣ” ном дошт. Баъдан, “Армуғони аҳли дил” (тарҷумаи баргузидаи ашъори Камол ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва ба хатти форсӣ), “Иксири саодат” (гузидаи абёт, мисраъ ва гуфторҳои ҳакимонаи шоир), “Маҷмӯаи мақолаҳои Конфренсияи байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” (28-29-уми октябри соли 2016, Хуҷанд) барин китобҳо аз тарафи кормандони маркази илмӣ аз дасти чоп баромад. Соли 2018 “Варақи ҳусн” ном мунтахаби ғазалиёти Камоли Хуҷандиро ба нашр расонидем, ки баъдан барои нашри “Девон”-и мукаммали шоир замина гузошт. Соли 2019, китоби “Мактаби Камол”-ро нашр кардем ва соли 2020 ба нашри “Силсилаи китобҳои камолшиносӣ” шурӯъ кардем, ки то имрӯз ду ҷилди онро бо номҳои “Камол дар оинаи тазкираҳо”(матни 77 сарчашма дар шинохти Камоли Хуҷандӣ) ва “Камол дар оинаи пажӯҳиш” (нақди Камоли Хуҷандӣ дар пажӯҳишҳои шарқиву ғарбӣ) ба дасти хонанда расид. Ҷилдҳои баъдӣ дар ҳоли таълиф, таҳия ва нашр ҳастанд.
Дар умум, то ба имрӯз маркази мо дар самти камолшиносӣ 15 китоб ба нашр расонид.
-Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ фақат ба пажӯҳиши осори ин шоир машғул аст ё кормандони шумо дар самтҳои дигари адабиётшиносӣ низ фаъолият мебаранд?
-Маркази мо илмист ва камолшиносӣ яке аз бахшҳои фаъолияти мо аст. Кормандони мо вазифаҳои мушаххас доранд ва ҳар яке дар самте таҳқиқот мебарад. Дар баробари китобҳое, ки дар бораи Камоли Хуҷандӣ ба нашр расонидем, аз ҷониби маркази мо зиёда аз 30 номгӯй китобҳои муаллифони дигар ё таҳқиқоти самтҳои дигари илми адабиётшиносӣ ба нашр расиданд. Муҳимтарини ин китобҳо “Шавоҳид-ун-нубувват”- Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Тазкираи шуарои Хуҷанд”-и Абдулманнони Насриддин, “Тазкирату-ш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Достонҳои дилангез аз «Бӯстон»-и Шайх Саъдӣ”, “Чаҳор мақола”-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, “Меҳру моҳ”-и Ҷамолии Деҳлавӣ, “Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ва муколамаи фарҳангҳо”-и Ғаффорова Умеда, “Юсуф ва Зулайхо”-и Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, “Сафинаи Хушгӯ”-и Биндробан Доси Хушгӯ, “Хамса”-и Хоҷуи Кирмонӣ, “Аз Рӯдакӣ то Аттор”-и Абдулманнони Насриддин ва ғайра мебошанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби маркази мо фаслномаи “Камоли Хуҷандӣ” ба нашр мерасад, ки то имрӯз 22 шумораи он ба дасти хонанда расидааст.
-Дар ин авохир шумо дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқ Оқилбой Оқилов “Девон”-и Камоли Хуҷандиро ба нашр расонидед. То имрӯз девони шоир чандин бор ба нашр расидааст. Барои нашри “Девон”-и нав чӣ зарурат пеш омад?
— Шумо дуруст қайд кардед, ки то имрӯз дар Тоҷикистон борҳо девони Камоли Хуҷандӣ ба нашр расидааст, вале пӯшида нест, ки ин нашрҳо на ҳамаи осори шоирро фаро мегиранд. Дар арафаи таҷлили 700-солагии Камоли Хуҷандӣ мо қарор додем, ки девони нисбатан мукаммалро таҳия кунем. Матни «Девон» дар асоси нусхаи хаттии №2103-и Китобхонаи Отиф Афандии Истанбули Туркия, ки соли 872/1468 китобат шудааст, мураттаб гардида, бо қадимтарин нусхаи хаттии девони шоир, ки дар Китобхонаи Остони Қудси Разавии Машҳади Эрон таҳти №4739 нигаҳдорӣ мешавад ва нусхаи хаттии №1236, ки дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, мавриди қиёсу муқобала қарор гирифт. Ҳамчунин, матни «Девон» бо матни 6 нашри девони илмӣ-интиқодие, ки аз ҷониби Азизи Давлатободӣ, – Табрез, 1958; Козим Шидфар, – Маскав, 1975; Шарифҷон Ҳусейнзода ва Саъдулло Асадуллоев, – Душанбе, 1986-1987; Аҳмади Карамӣ, – Теҳрон, 1993; Эраҷи Гулисурхӣ, – Теҳрон, 1995; Азизи Давлатободӣ, – Табрез, 1996 муқоиса гашта, ихтилофи нусхаву нашрҳои илмӣ-интиқодӣ дар поварақ нишон дода шудааст. Девони нашркардаи мо илмӣ-интиқодӣ буда, дорои тавзеҳот аст, дар ҳудуди 100 саҳифа ғазалҳои тозаёфтшуда, байтҳои душворфаҳм, байтҳои дорои баҳсҳои матншиносӣ, байтҳои дорои матни арабӣ ва ғайра шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Ба мо муяссар шуд, ки 4 қасида, 1097 ғазал, 1 маснавӣ, 3 мустазод, 66 рубоӣ, 114 қитъа, 48 муаммову фард, ҷамъан 8254 байт ва бо иловаи 100 байти поварақ 8354 байти Камоли Хуҷандиро ба нашр расонем. Яъне, девони мо мукаммалтарин девони шоир аст, ки то имрӯз ба нашр расидааст.
Нуктаи муҳим ва фараҳбахш ин аст, ки “Девон”-и нави Камоли Хуҷандӣ, ки маркази мо ба нашр омода кард, бо дастгирии бевосита, сарсухан ва соядасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зевари табъ ороста шудааст.
Аз фурсати муносиб истифода карда, ба Пешвои миллат барои дастгирӣ, ба раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода барои мусоидат ва Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ки дар таҳриру таҳия кумакрасони мо буданд, изҳори миннатдорӣ мекунам.
-Пас аз таҷлили ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ маркази шумо чӣ нақшаҳо дорад?
-Маркази мо ба кори худ идома медиҳад. Ҳанӯз паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти Хоҷа Камол ниёз ба пажӯҳиш дорад ва мо таҳқиқоти худро дар ин самт давом хоҳем дод. Лоиҳаи муҳимтарине, ки пешорӯйи мо ҳаст нашри “Донишномаи Камоли Хуҷандӣ” аст. Феълан кор дар болои донишнома идома дорад. Чун таълифи донишнома кори душвор аст, дар баробари кормандони марказ мо муҳаққионро аз муассисаҳои дигар даъват кардаем, аз ҷумла Б.Мақсудов, Н.Салимӣ, Н.Зоҳидӣ, А.Сатторзода, М.Муллоаҳмад, М.Нарзиқул, М.Мирзоюнус, У.Ғаффорова, З.Ғаффорова, Н.Нуров, Н.Ғиёсов, С.Аъзамзод ва муҳаққиқони хориҷ аз кишвар А.Ҳайзер (Олмон), О.Навшоҳӣ (Покистон), Э.Очилов (Ӯзбекистон) ва дигарон аз ҷумлаи онҳоянд.
-Ба маркази шумо шукуфоӣ ва ба корҳои шумо комёбӣ хоҳонам. 700-солагии Шайх Камол ба шумо муборак бошад.
-Ташаккур.
Мусоҳиб
Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ