Суханҳои пас аз ҷанги Махачев ва Волконовски
Дар Австралия мусобиқаи UFC 284 доир гашт, ки муҳорибаи асосӣ миёни Ислом Махачев ва Александр Волконовски буд.
Дар муҳорибаи мазкур бо овоздиҳии якдилонаи доварон варзишгари доғистонӣ Ислом Махачев пирӯзӣ ба даст оварда, бори аввал камарбанди чемпиониашро ҳимоя кард.
Пас аз набард варзишгарон дар бораи ҳамдигар фикрашонро баён карданд.
— Волконовски ҷисман хурд аст, вале ҳарифи вазнин аст. Ташаккур ба Алекс барои муҳорибаи беҳтарин. Лекин ба ман муҳорибаи вазнин лозим буд, зеро арзиши ҳимояи камарбандро бояд дошта бошад,- гуфт Ислом Махачев.
Дар ҷавоб Александр Волконовски чунин гуфт:
— Барои Ислом қарсак занед, ӯ бисёр хуб ҳунарнамоӣ кард. Ин беҳтарин муҳориба буд. Ӯ бояд ҷанги маро қадр мекарду ман зарбаҳои ӯро. Ҳамчунин, хабари эҳтимоли барпо шудани муҳорибаи такрорӣ ҳам ҳаст. Яъне, масъулин пешниҳод кардаанд ва ҳам Ислом Махачев ва ҳам Александр Волконовски қабул кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ