Сулаймон Давлатзода: Ҳаҷи умра он қадар амали муҳим нест…

Дар нишасти  хабарие, ки имрӯз, 30 июл Кумитаи дин ва танзими расму оинҳо ва ҳамчунин Шӯрои уламо дар якҷоягӣ бо Донишкадаи исломӣ  баргузор намуданд, сухан асосан дар атрофи нашри фатвои Шӯрои уламо дар мавриди либоси миллӣ ва динӣ рафт.

Дар нишаст он чӣ дар ин ҳуҷҷат омадааст ва аз лиҳози динӣ то кадом андоза мувофиқ будани он ба шариати ислом аз ҷониби Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода шарҳ дода шуд.

Ҳамчунин, Раиси Кумитаи дин  Сулаймон Давлатзода,  ба саволҳои зиёди журналистон ҷавоб дода, гуфт, ки  идгардаки кӯдакон дар идҳои  Рамазон ва Қурбон пурра манъ нагардидааст ва он метавонад дар якҷоягӣ бо волидони онҳо дар хонаи хешу табор сурат гирад.

Дар идомаи нишаст,  хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи  Pressa.tj дар мавриди он, ки чаро дар вақти ҳаҷи фарзӣ аз ҷониби ҳукумат як қатор маҳдудиятҳо аз ҷумла,  маҳдудияти синнусолӣ ҷорӣ гардидаст, аммо чунин маҳдудиятҳо дар ҳаҷи умра нест, чунин посух дод, ки аслан худи ҳаҷи умра ин имкони иҷро шудани фарзро ба нафари зиёраткунанда намедиҳад ва он қадар амали муҳим нест. Бинобар ин, беҳтар мебуд, агар ба ҷои умра ягон амали дигарро анҷом диҳанд,  зеро савобаш баландтар аст.

А. Аҳмадзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *