Сулаймон Зиёзода- вазири нави кишоварзӣ кист?

Фармони Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъини Сулаймон Зиёзода ба вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистон содир гардид ва муаррифии ӯ дар вазорати мазкур сурат гирифт

Амонулло Салимзода, вазири собиқи кишоварзӣ, ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон гузашт.

Зиёзода Сулаймон Ризоӣ 1 январи соли 1962 дар деҳаи Сурхобчаи ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст.

Соли 1983 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси агроном — олим хатм намудааст.

Сулаймон Зиёзода ҳудуди 30 сол дар соҳаи кишоварзии ноҳияи Зафарободу вилояти Суғд фаъолият карда, агрономи калони собиқ хоҷагии давлатии «Ленинобод» (1983-1986), муовини директор ва директори хоҷагии давлатии «Ширин» (1992-1996), раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин» (1996-2002), раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Шӯҳрат» (2002-2006), раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи М.Абдуллоев (2006-2008), сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод (2008-2011) ва сардори шуъба — муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд (2009-2014) будааст.

Ҳамзамон дар вазифаҳои котиби дуюму якуми Иттифоқи ҷавонон (1986-1992), раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод (2011-2014) ва муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод (2014-2015) низ фаъолият намудааст.

Тайи панҷ сол охир Сулаймон Зиёзода дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд (2015-2016), раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд (2016-2018), муовини якуми раиси вилояти Хатлон (2018-2019), муовини аввали раиси вилояти Суғд (аз 14 то 28 январи соли 2019) кор карда, соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич (2019) таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *