Сулфа. Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои табобат
Имсол сардӣ хеле барвақт сар шуд ва аксари одамон омода набуданд ва ҳанӯз либосҳои гармро аз ҷевонҳо набароварда буданд. Эҳтимол маҳз чунин муносибати бепарвоёна нисбат ба саломатии худ боис гаштааст, ки ин шабу рӯзҳо иддае аз сулфа азият мекашанд. Имрӯз бо хоҳиши хонандагони ҳафтанома мо дар бораи сулфа ва роҳу усулҳои табобати он маълумот медиҳем.
Намудҳои сулфа
Маъмулан сулфа ҳангоми ба зуком ва шамолкашӣ гирифтор гаштани инсон шурӯъ мешавад, вале он метавонад нишонаи бемориҳои дигари нисбатан вазнин бошад. Сулфа то 3 ҳафта давом кунад, онро сулфаи шадид меноманд, вале беморӣ аз 3 то 8 ҳафта тӯл кашад, онро “сулфаи бардавом” мехонанд. Мабодо сулфаи шумо аз ду моҳ бештар идома ёбад, донед, ки беморӣ аллакай куҳна шудааст.
Вобаста ба сарчашмаи беморӣ намудҳои сулфа низ гуногун мешаванд. Дар байни мардум ду намуди сулфа маъмул аст-хушк ва балғамдор. Сулфаи хушк дар натиҷаи шамолкашии начадон сахт оғоз ёфта, маъмулан дер давом намекунад. Иммунитети одам бақувват бошад, ҳамагӣ дар бадали 7-10 рӯз бо доруҳои оддӣ аз ин намуди сулфа халос шудан мумкин аст, вале табобати сулфаи балғамдор чандон осон нест, чунки барои аз беморӣ ба пуррагӣ раҳоӣ ёфтан, пеш аз ҳама балғамро аз шуш ва роҳҳои нафас баровардан лозим аст.
Грип ё астма?
Аксари одамон сулфаро нишонаи ба зуком гирифтор шудан пиндошта, ба он чандон аҳамият намедиҳанд, ки ин хатои маҳз аст. Тавре ки дар оғоз гуфтем, сулфа метавонад нишонаи бемориҳои нисбатан вазнинтар, аз ҷумла, илтиҳоби шуш, астма ҳатто КОВИД бошад, бинобар ин, агар сулфа рӯз то рӯз шиддат бигирад, бепарвоӣ накарда, ба духтур муроҷиат намоед.
Субҳ бештар месулфед ё шом?
Ҳатман диққат додан лозим аст, ки бемор кадом вақт бештар месулфад: субҳ ё шом? Одамоне, ки ошиқи шароб ҳастанд ва сигори зиёд мекашанд, нӯшокиҳои спиртӣ ва заҳри тамоку ба саломатиашон бе таъсир намонда, субҳгоҳон зиёд месулфанд. Гирифторони бемории сили шушро бошад, бештар шабона сулфаи шадид азият медиҳад. Сулфа гоҳу ногоҳ ва бе ягон сабаб оғоз ёбад, ин нишонаи аллергия ва ё хастагии асаб мебошад. Ба ин намуди сулфа бештар одамони ҳассосе, ки дили нозук доранд ва барои ҳар як майда-чӯйда асабонӣ мешаванд, гирифтор мегарданд.
Дил бемор бошад, одам месулфад?
Сулфа, ҳамчунин метавонад нишонаи иллат пайдо кардани узвҳои ҳаётан муҳими инсон бошад. Иддае аз бемориҳои рӯдаву меъда ва иллатҳои дил ба шуш таъсири ногувор мерасонанд ва дар натиҷа сулфа пайдо мешавад. Эҳтимол шумо ҳайрон шавед, вале сулфа метавонад нишонаи гипертензияи артериалӣ, бемории ишемикии дил, аритмия, кардиосклерози баъди инфаркт ва иллатҳои гуногуни клапанҳои дил бошад. Сабаб дар он аст, ки зимни чунин бемориҳо гардиши хун вайрон мешавад ва дар натиҷа бемор эҳсоси нафастангӣ намуда, бошиддат месулфад. Агар дил иллат дошта бошад, ҳангоми бо ягон кори вазнини ҷисмонӣ машғул шудан, одам ба сулфидан сар мекунад ва лабу даҳонаш кабуд мешаванд.
Ба худтабобаткунӣ даст назанед!
Тавре ки дар ибтидо қайд кардем, аксари беморон нисбат ба сулфа бисёр бепарвоёна муносибат намуда, аз пеши худ ҳар хел доруву давоҳоро мехӯранду менӯшанд ва кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи худтабобаткунӣ аз он халос шаванд, ки ин хатои бузург мебошад. Сулфа метавонад нишонаи ягон бемории ҷиддӣ бошад, бинобар ин, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. Табиб арзу шикоятҳои шуморо бодиққат шунида, шушҳоятонро гӯш мекунад ва тамоми ташхисҳои заруриро анҷом дода, баъди пурра аниқ кардани бемориатон табобат мефармояд.
Пешгирӣ аз табобат осонтар аст
Аз касе пӯшида нест, ки имрӯз нарху навои доруворӣ ба осмони ҳафтум дакка хӯрдааст. Пешгирӣ кардани ҳар як беморӣ аз табобати он осонтару арзонтар меафтад, бинбар ин, кӯшиш кунед, ки саломатии худро эҳтиёт намоед. Ба хандаи фиребандаи офтобаки тирамоҳӣ ғарра нашуда, либоси гарм пӯшед ва кӯшиш кунед, ки дар рӯзҳои боронӣ пойҳоятон нам накашанд. Бинобар ин, бештар хӯрокҳои серғизо ва сервитамин хӯред, то ки қувваи муҳофизатии ҷисми худро барқарор созед, он гоҳ ягон беморӣ, аз ҷумла сулфа низ шуморо нороҳат нахоҳад кард.
Таҳияи Нодира
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ