Суннат Шарипов: Хоҳӣ хуб зиндагӣ кунӣ, дурӯғ бигӯ

Суннат Шарипов дар шоу-бизнес ва соҳаи варзиш ногаҳонӣ пайдо шуда, дар як муддати кӯтоҳ мавқеи баланд пайдо кард. Ҳам ба ҳайси ташкилкунандаи «баттл»-у консертҳо ва ҳам ҳамчун ташкилотчии муҳорибаҳои варзишӣ ном баровард. Баъдтар, дар ҷомеа ҳамчун актёр ва блогер низ шинохта шуд.

Мо бо ӯ доир ба корҳои кардааш дар шоу-бизнес ва варзиш суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

— Шумо соли 2020 ҳамчун ташкилкунандаи “баттл”-ҳои тоҷикӣ дар Федератсияи Россия миёни мардум шинохта шудед. Чӣ гуна шуд, ки ин хел ногаҳонӣ ба ин майдон омадед?

— Пештар ҳам ман дар шоу-бизнес ба ҳайси сарпараст ва продюсер будам, аммо аз сабабе, ки чеҳраамро нишон намедодам ва умуман дар фикри тарғиби худам набудам, маро намешинохтанд.

— Чӣ сабаб шуд, ки чеҳраатонро нишон додед?

— Вақте ки продюсер будам, зери корҳои кардаам ному насабамро ҳамчун продюсер менавиштам, вале дидам, ки аксари бинандагон ба он навиштаҳо таваҷҷуҳ намекунанд ва заҳмати коргардон ё продюсерро нодида мегиранд. Чун дар фикри пеш бурдани корҳои дигар шудам, тасмим гирифтам, ки хуб мешавад чеҳраамро нишон диҳам ва то қадри имкон шахсиятамро тарғиб намоям.

— Умуман, чаро тасмим гирифтед, ки бояд ташкилкунандаи «баттл»-у консерт шавед?

— Ростӣ, ман рэпу “баттл”-и тоҷикӣ гӯш намекардам. Ҳамон соли 2020 дарк кардам, ки талабот ба “баттл” хеле зиёд аст ва ин корро кардам. Дар мавриди ташкили барномаҳои консертӣ бошад, бояд бигӯям, ки нақшаҳои зиёд доштем, аммо чун дастгирӣ нашуд, давом надодам. Ман тавонистам, ки консерти Исмоилҷон Исмоилов ва Фараҳноз Шарафоваро дар Русия ташкил кунам.

— «Баттл»-ҳое, ки шумо ташкил кардед, хеле маъруфанд ва албатта заҳмати зиёд кашидед. Маълум аст, ки рэпсароён фоидаи хуб диданд, мухлисонашон беҳтарин баромадҳои онҳоро тамошо карданд. Бигӯед, ки шумо чӣ фоида гирифтед?

— Агар фоидаи молӣ дар назар дошта бошед, ман аз ягон кори ташкилотчигиам фоида нагирифтаам. Аз ташкили “баттл”-у консертҳо фикр мекунам ягона нафъи гирифтаам ин каме ҳам бошад, шинохта шуданаму зиёд шудани сафи обуначиҳоям дар фазои маҷозӣ мебошад.

— Ҳамон солҳо муҳорибаҳои омехтаро низ ташкил мекардед. Чаро давом надодед он корро?

— Бале, ман ду мусобиқаи варзишӣ ташкил кардам ва махсусияти кори мо он буд, ки ҳеҷ гоҳ варзишгарони тоҷикро муқобили ҳам ба ҷанг намебаровардам, балки рақибони онҳо намояндагони дигар давлатҳо буданд. Пас аз ташкили ду мусобиқа, дидам, ки дастгирӣ нест, дигар ин корро накардам.

— Шумо ба интернет ҳамчун ташкилотчии чорабиниҳои гуногун омадед, бо гузашти 3-4 сол ба чӣ хулоса омадед: хуб кардед, ки чунин корҳоро анҷом додед ё пушаймонед?

— Албатта, бо вуҷуди он ки ба қавле корҳоям бефоида буданд, аммо ҳеҷ вақт пушаймон нестам, зеро тақдири Худовандист, ки бояд ман ин корҳоро мекардам ва таҷриба мегирифтам. Мо афтидаву хеста, зиндагиро меомӯзем ва таҷриба мегирем.

— Чанд вақт пеш дар саҳифаи ютубатон як наворе нашр кардед. Дар он нишон дода шуд, ки шумо ба мактаби таҳсилкардаатон кумак кардед. Он лаҳзаҳои ҳассос, ки тавонистед барои таълимгоҳи худ фоида расонед, чӣ эҳсос доштед?

— Агар гап сари фахру ифтихор равад, ҳеҷ гоҳ чунин ҳис маро фаро намегирад, вале бисёр хурсанд мешавам, вақте ки ба касе кумак карда метавонам. Ман 6 сол дар он мактаб хондаам ва мардуми он ҷо хеле инсонҳои хубанд. Сабаби асосии кумак карданам ба мактаби мазкур он аст, ки дигарҳо низ набояд мактабу устодони худро фаромӯш кунанд. Бояд ҳамаамон то қадри имкон дасти кумак дароз кунем барои беҳтар шудани шароити таҳсили ояндагони миллат.

Навори тарбиявиатон, ки ронандае ба мошини ёрии таъҷилӣ халал мерасонад, дар Инстаграм хеле маъруф гашт. Дар он инсон буданро талқин мекунед. Ин идея чӣ гуна пайдо шуд ва чаро чунин наворҳои хубро дигар таҳия намекунед?

— Чанд сол пеш наворе мазмунан ба ҳамин монандро аз блогерони хориҷӣ дида будам ва боз худамон ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудем, ки албатта доғи рӯз аст. Дар ин кор саҳми ҳунарманди шинохта Сироҷиддини Ғафурӣ хеле зиёд аст. Дар бобати таҳия накарданамон бошад, бояд бигӯям, ки зиндагӣ якранг нест, монеаҳо пайдо мешаванд ва барои рафъи онҳо хеле вақтро аз даст медиҳем. Вале ният дорам, ки боз чунин наворҳо таҳия кунам, корҳоямон дар пешанд.

— Дар филмҳо ҳам нақш меофаред, аммо бисёр кам ва дар нақшҳои назарногир. Чаро ин самтро хубтар пеш намебаред?

— Ҳоло ман пурра худамро ба ин самт бахшида наметавонам. Дар мавриди нақшҳои назарногир бошад, ман ҳеҷ вақт даъвои нақши калону марказӣ надоштам, зеро медонам, ки дар ин самт ҳоло таҷрибаи кофӣ надорам. Коргардони филмҳое, ки ман нақш офаридааму меофарам, Набиҷон Пирматов аст ва ҳар нақшеро, ки он кас диҳанд, иҷро мекунам.

— Воқеан, ҳоло дар Ютуб сериал таҳия кардан муд шудааст, оё шумо фикри сохтани сериали худро надоред?

— Албатта, нақша дорам. Илова бар ин, ду сенария дорам, ки яке барои 10 қисм ва дигаре барои 30 қисм навишта шудаанд. Сериалҳои хубу тарбиявӣ ҳастанд, аммо ҳоло каме мушкилӣ ҳаст ва то рафъи онҳо коре карда наметавонам.

Чӣ мушкилӣ аст?

— Якум, бояд ин соҳаро боз ҳам хубтар омӯзам ва таҷриба гирам. Дуюм, ёфтани сарпарастон.

— Бо сароянда Осия як фотосессия кардаед, бо ӯ чӣ наздикӣ доред?

— Мо пештар бо Осия ҳамкорӣ мекардем ва продюсераш будам. Чанд намоҳангашро бо Акрам Муминов сабт кардем, ки фикр мекунам хеле хуб баромадаанд.

Дар саҳифаи Инстаграматон бо ҳаҷвнигори маъруф аз гурӯҳи “Лена кука” Рустам Ребтилоид сурат доред. Бигӯед, ки бо ӯ кай ва дар куҷо вохӯрда будед?

— Ман ба мусобиқаҳои варзишӣ хеле зиёд мерафтам ва дар яке аз нишастҳои матбуотӣ бо Рустам вохӯрдам, ки хеле инсони самимист. Ҳамон вақт барномаи машҳури “ЧБД”-ро тамошо мекардам, ӯ яке аз беҳтаринҳост дар он ҷо.

— Ҳоло пайи кадом корҳоед, мухлисонатон ба наздикӣ аз шумо чӣ интизор шаванд?

— Ҳоло омодагӣ дида истодаам, шояд моҳҳои оянда дар самти блогинг корҳои бисёре анҷом диҳам.

— Шумо фазову муҳитро хеле хуб мефаҳмед, чаро продюсери ягон овозхон, актёр ё каси дигар намешавед?

— Бархеҳо каме машҳур шуданд, дигар худро намешиносанд ва боз як гап надоранд. Аз ҳамин сабаб, ман дигар продюсер намешавам. Бояд дар ҳама ҳолат одам як хел монад, аммо мутаассифона, одамҳо иваз мешаванд, ки хуб нест.

— Аз чӣ метарсед?

— Аз туҳмат.

— Ба туҳмат рӯ ба рӯ шудед

— Бисёр шудаам.

— Дар ин дунё одамони хуб бисёранд ё одамони бад?

— Ба фикрам одамони бад. Ман ҳатто худамро хуб гуфта наметавонам, аммо кӯшиш мекунам, ки дигарон хубам гӯянд. Бо корҳоям нишон диҳам, ки бад нестам, аммо даст ба сина мондану хубам гуфта наметавонам.

— Зиндагӣ кардан осон аст ҳоло?

— Хоҳӣ хуб зиндагӣ кунӣ, дурӯғ бигӯ.

— Ба ҷавонони мо чӣ намерасад? — Ман ҳамеша мегӯям, ки тавре зиндагӣ кунед, ки гаправ набошед. Бояд ҳар ҷавон андеша ва мавқеи худашро дошта бошад ва бо ақли худ кор кунад. Ва ҳамчунин, бо меҳнати ҳалол ба орзуву мақсадҳояш бирасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *