Суратгири Президент Мақсудҷон Муҳиддинҷонов даргузашт

Суратгири касбӣ Мақсудҷон Муҳиддинҷонов дар синни 73 -солагӣ аз олам даргузашт. Номбурда солҳои гуногун суратгири махсуси Президенти Тоҷикистон ва рӯзномаи “Тоҷикистон” буд.

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратови Федератсияи Русияро бо ихтисоси филолог-муаллими забони русӣ хатм намудааст.

Тавре ки аз тарҷумаи ҳоли Мақсудҷон Муҳиддинҷонов бармеояд, номбурда солҳои зиёд ба ҳайси шогирди рассоми комбинати хизмати маишии ноҳияи Фархор, мухбир-суратгири рӯзномаи «Гулистон»-и ноҳияи Фархор, мудири шуъбаи сурат-ахбори ТоҷикТА, сармуҳаррири редаксияи «Фотохроника»-и ТоҷикТА, мухбир-суратгири рӯзномаи “Тоҷикистон” ва ахиран мухбир-суратгири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» фаъолият намудааст.

Гуфта мешавад, ки Мақсудҷон Муҳиддинҷонов солҳои зиёд ҳамчун суратгири Президенти Тоҷикистон хизмати шоиста намуда, бо медали Хизмати шоиста ва Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Тавре ки ҳамкорони Мақсудҷон  Муҳиддинҷонов мегӯянд,  дар бойгонии ӯ аксҳои таърихӣ зиёданд. Аз ҷумла, сурати таърихии Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми аз модари худ дуо гирифтанро низ Мақсудҷон Муҳиддинҷонов аксбардорӣ намудааст.

P.S. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj аз марги ҳамкасби худ Мақсудҷон  Муҳиддинҷонов андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *