«Тӯфони коронавирус» дар Ҳиндустон

Авҷи коронавирус бештар дар иёлоти Махараштра, Уттар Прадеш ва Керала дида мешавад.

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди гуфт, ки кишварро «тӯфони коронавирус» фаро гирифтааст, зеро тибқи гузориши Reuters, афзоиши ҳаррӯзаи гирифторони сирояти марговар чанд рӯз пай дар пай рекордҳои нав мегузорад. «Мо пас аз мубориза бо мавҷи аввали сироят илҳом гирифтем, аммо ин тӯфон миллати моро ба ларза овард» гуфт сиёсатмадор. Дар тӯли 24 соати охир дар кишвар 349 ҳазор ҳолати сироятёбӣ муайян карда шудааст. Аз ин пеш ҳеҷ гоҳ ингуна суръати баланд дар ягон кишвар ба қайд гирифта нашуда буд. Моди аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки эҳтиёткор бошанд ва эм кунанд. Вазъ дар Ҳиндустон ба ҳадде вазнин аст, ки бемористонҳои пойтахт ба маънои том аз қабули афроди бемор даст мекашанд — оксиген ва катҳои тиббӣ намерасанд. Танҳо аз сабаби нарасидани оксиген, 25 нафар беморони беморхона рӯзи 23 апрел дар Деҳлӣ фавтиданд. Қаблан маълум буд, ки Ҳиндустон аз рӯи бемории коронавирус пас аз ИМА дар ҷаҳон дуввум аст. Афзоиши шумораи гирифторон дар кишвар моҳи феврал оғоз ёфт а буд. Авҷи коронавирус бештар дар иёлоти Махараштра, Уттар Прадеш ва Керала дида мешавад. То имрӯз дар Ҳиндустон беш аз 138 миллион нафар ваксинаи коронавирус гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *