Тағйироти кадрӣ дар Маркази миллии тестӣ
Абдулбосит Шодиниё муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ва Ӯктам Кимсанов муовини директори ҳамин марказ таъин шуданд.
Абдулбосит Шодиниё 45 сол дошта, зодаи шаҳри Ҳисор мебошад. Соли 2000 факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2000-ум дар мактаби миёнаи №51-и шаҳри Ҳисор ба ҳайси омӯзгори фанни забони хориҷӣ (англисӣ) оғоз карда, солҳои 2005-2007 дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Тоҷнетсек” дар вазифаи сарменеҷер, солҳои 2007-2009 директор ва солҳои 2009-2010 сарменеҷери ҷамъияти зикршуда, соли 2011 мутахассиси пешбар-таҳлилгари шуъбаи омодасозии маводи имтиҳонҳои Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ”, солҳои 2011-2014 ёвари иҷрокунандаи директор ва шӯрои мушовирони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” фаъолият кардааст. Аз моҳи июни соли 2014-ум то ҳоло ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.
Бино ба иттилои манобеи огоҳ, имрӯз дар як қатор ниҳодҳо, муассисаҳои олӣ тағйироти кадрӣ сурат мегирад.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ