Тағйироти кадрӣ дар соҳаи варзиш. Президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон кист?

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ҷаласа истеъфои президенти федератсия Бег Сабур тасдиқ гардида, номзадии Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон пешбарӣ ва аз ҷониби аъзои федератсия интихоб шудааст.

Мирзоалӣ Комил ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намудааст, ки дар ҳамкорӣ барои рушди бештари намуди бокс талош мекунанд.

— Ба Бег Сабур барои иҷрои вазифаҳояш дар вазифаи президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир назаррас аст. Аз ҷумла ду рӯз пеш ду варзишгарамон — Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дар намуди бокс мо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорем. Талош мекунем, ки дастовардҳо боз ҳам бештар шаванд ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд,- гуфтааст Мирзоалӣ Комил.

Дар идома бо пешниҳоди президенти нави Федератсия Мирзоалӣ Муҳаммад котиби генералии Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *