Тағйироти кадрӣ дар Суғд
Бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд
Олимбек Юлдошзода, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд таъйин гардидааст.
Юлдошзода то ин вақт сардори Хоҷагии ҷангали вилоят буд ва ҳоло дар мақоми нави вазифавӣ ҷойи Хайрулло Бобозодаро иваз намуд. Бобозода солҳои дароз ҳамчун агрономи рақами аввал дар Сарраёсати кишоварзии Суғд фаъолият мекард.
Инчунин, дар пайи судури қарори Раҷаббой Аҳмадзода, Собир Собиров сартабиби Бемористони дилу шарёни вилояти Суғд таъйин гардид.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ду рӯз қабл маросими муаррифии сартабиби нави ин бемористон ба иштироки Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд доир шуд.
Собиров ҳоло дар мақоми нави вазифавӣ, ҷойи Ҳибибулло Муҳиддиновро иваз намуд. Муҳиддинов сарвари Маркази солимгардонии дилу шарён (маъруф ба дачаи Кардиология) таъйин гардидаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ