Тағйироти кадрӣ дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Муовини ректор дар бахши тарбия ва деканҳои 7 факултети Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иваз шудаанд.

Тавре ки Pressa.tj  иттилоъ ёфт, бо фармоиши ректори донишгоҳи мазкур Замира Улмасова — декани факултети филология тоҷик, Малоҳат Усмонова — декани факултети забонҳои хориҷӣ, Даврон Усмонов — декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, Музаффар Дадобоев — декани факултети география ва туризм таъйин  гардидаанд.

Ҳамчунин, Сироҷиддин Ҳакимов — декани факултети биология ва химия, Хушбахт Нуруллоев- декани факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва Муқаддас Неъматова — декани факултети муҳандисӣ – омӯзгории ДДХ, воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таъйин шуданд.

Бо пешниҳоди ректори донишгоҳ ва фармони вазири маориф  ва илм Мирзотоҳир Набиев, муовини ректори ДДХ оид ба тарбия таъйин шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ин вазифа баъди ректор таъйин шудани Аюб Усмонзода, чанд вақт ба ин тараф холӣ монда буд. Таъйин ва барканории деканҳо бо фармони ректор ва дар мувофиқа бо вазири маориф сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *