Тақозои бозбинии парвандаи таҷовузи ноболиғон дар Ӯзбекистон
Дар Ӯзбекистон тақозо шудааст, ки парвандаи таҷовузи ноболиғон бинобар сабук будани ҳукми додгоҳ ба ин ҷиноят бозбинӣ шавад.
Ин тасмим баъди он садо дод, ки масабдорони маҳаллие дар Хоразм ба таҷовузи тарбиятгирнадагони ятимхона дастгир шуданду ҳукми сабук гирифтанд. Дар ин бора котиби матбуотии президент Саида Мирзиёева хабар додааст. «Фоҷиае, ки дар Хоразм рух дод, дар ҷомеа баҳсҳои гармеро ба вуҷуд овард»,- навиштааст ӯ дар Telegram.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм мудири хонаи кӯдакон моҳҳои зиёд тарбиятгирандагони ноболиғро ба сардори Раёсати адлияи вилоят ва сардори шуъбаи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Янгиариқ пешниҳод мекард. Вақте ки далели зӯроварӣ ва ҷиноят ошкор шуд, додгоҳ мудир — занро ба 5,5 соли зиндон ва мансабдоронро ба 1,5 соли маҳдуд кардани озодӣ ҳукм кард. Ҳарчанд ҳукми ҷанҷолӣ моҳи декабри соли 2022 бароварда шуда бошад ҳам, парванда пас аз ҷаласаи кумитаи дахлдори Сенат посух гирифтааст.
Ба гуфтаи Мирзиёева, чунин ҳукмҳои сабук аз вуҷуди мушкилоти ҷиддие дар қонунгузорӣ ва аз холигоҳҳои мавҷуда истифода кардани афроди ноинсоф шаҳодат медиҳад.
Омбудсмени кӯдакон Алия Юнусова тақозо кардааст, ки педофилҳо аз ҳама бераҳмона муҷозот шаванд.
Мирзиёева аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ки вазъиятро дида барояд ва ҳамзамон ба Суди Олӣ эътироз нисбат ба он ки ҷазо ҷиҳати вазнинӣ ба ҷиноят мувофиқ нест, пешниход гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ