Тақвими рӯз: Аз қабули Конститутсия то зодрӯзи Нишон Ҳамроҳ
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Иноят АРАБОВ (1947-2015), 75-солагии зодрӯзи доктори илми педагогӣ, профессор.
Қурбон КАБУТОВ (1947), 75-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика, Корманди шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон.
Нишон ҲАМРОҲ (1922-1991), 100-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон.
Григорий АЙЗИКОВИЧ (1917-1986), 105-солагии зодрӯзи Меъмори шоистаи Тоҷикистон.
Аз таърихи Тоҷикистон:
— Солҳои 1999, 2006, 2013 интихоботи президентӣ баргузор гардид.
— Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Имрӯз дар кишвар Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад.
Соли 2017 дар Душанбе пас аз бозсозӣ Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ ёфт.
Аз таърихи ҷаҳон:
— Имрӯз Рӯзи байналмилалии пешгирии истисмори муҳити зист дар ҷанг ва даргириҳои мусаллаҳона аст. Созмони Милали Муттаҳид ин тасмимро ба далели он гирифтааст, ки хисорот ба муҳити зист дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона боиси бад шудани экосистемаҳо ва захираҳои табиӣ дар тӯли муддати тӯлонӣ пас аз анҷоми низоъҳо мешавад ва аксар вақт на танҳо ба як давлат ва насли ҳозира таъсир мерасонад, балки зарари он дар оянда низ мушоҳида хоҳад шуд.
Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) муайян кардааст, ки дар тӯли 60 соли охир ҳадди ақал 40% тамоми низоъҳои дохилӣ ба истисмори захираҳои табиӣ, хоҳ захираҳои арзишманд, аз қабили чӯб, алмос, тилло ва нафт ё камёфт — замину об барин захираҳо гардидааст. Муайян карда шуд, ки низоъҳо бар сари захираҳои табиӣ нисбат ба дигарон ду маротиба бештар такрор мешаванд.
Ҳадафи ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳ ба таъсири муҳити зисти ҷанг ва аҳамияти истисмор накардан ё ба таври ғайриқонунӣ осеб расонидан ба экосистемаҳо барои расидан ба ҳадафҳои низомӣ мебошад.
— Дар ин рӯзи соли 1991 бо фармони раисиҷумҳур Борис Елтсин фаъолияти КПСС ва Ҳизби коммунисти РСФСР қатъ карда шуд.
Ҳизби коммунисти муосири Русия ҳамчун ташкилоти мустақили сиёсӣ аз моҳи марти соли 1993 мувофиқи меъёрҳои қонунгузории феълии Русия вуҷуд дорад.
— 6-уми ноябри соли 1930 заводи автомобилсозии Москва ба кор даромад. Аввал дар он ҷо мошинҳои «Форд-АА» аз қисмҳои амрикоӣ васл карда мешуданд ва баъди ду соли сохтмони заводи Нижний Новгород ба васл кардани мошинҳои ГАЗ-А ва ГАЗ-АА аз ҷузъҳои ватанӣ гузаштанд.
Соли 1945 завод номи МЗМА — заводи мошинҳои хурди Москваро гирифт. Аввалин маҳсулоти сериявии ин завод «Москвич-400» буд. Аз миёнаҳои солҳои 90-ум дар робита ба корпоратсия корхона ба ҶСК «Москвич» табдил ёфт ва дар соли 2002 конвейерҳои корхона аз кор монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ