Тақвими рӯз: Аз мавлуди Ҳақназар Ғоиб то “Рамзи озодӣ аз яроқи ҳастаӣ”
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Ҳақназар ҒОИБ (1943), 80-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
Зоҳир СОЛЕҲОВ (1948), 75-солагии зодрӯзи забоншинос.
Раҷабалӣ ШИРИНОВ (1958), 60-солагии зодрӯзи генерал-майор.
Иван ЖИЛКИН (1858-1924), 165-солагии зодрӯзи шоири фаронсазабони белгӣ, мутарҷими рубоиёти Хайём.
Чеҳраи рӯз: Ҳақназар Ғоиб — шоире аз диёри хуршедӣ
Рӯзноманигор, шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1976), Шоири халқии Тоҷикистон (1996), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000) ва Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2013) — Ҳақназар Ғоиб 7-уми январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ (1960) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1966) як сол омӯзгорӣ карда, аз соли 1966 ба фаъолияти рӯзноманигорӣ мепардозад. Дар асосҳои ҷамъиятӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маданият (1966-1970), сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб (1974-1981), котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» (1990-1993), сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» (1993) будааст. Аз соли 2002 бахши вилояти Хатлони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриро роҳбарӣ мекунад. Бештар аз 50 сол аст, ки машғули фаъолияти босамари эҷодӣ буда, наздики 30 маҷмӯаи ашъор ба чоп расонидааст. Ҳақназар Ғоиб аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 1996 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.
Аввалин шеърҳояшро дар матбуоти ҷумҳуриявӣ шоирони номӣ Мастон Шералӣ ва Ғоиб Сафарзода чоп кунондаанд. Ҳамзамон, офаридаҳои нахустини Ҳақназар диққати шоири маъруф Аминҷон Шукуҳиро ҷалб карда, як даста шеърҳои шоири ҷавонро мавриди назари Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Убайд Раҷаб қарор дода, шеъри «Дил аз паси ту»-ро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кунондааст. Маҷалла соле баъд дастаи дигари шеърҳои Ҳақназарро мунташир сохтааст, ки писанди шоираи тавоно Жола Бадеъ гардидаанд. Маҷмӯаҳои ашъораш моломоли эҳсоси худшиносии миллӣ ва саршори руҳияи ватандӯстиянд. Силсилаи достонҳои ӯ «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки Офтоб», «Сурӯши Хатлон» ва ғайра дар эҷодиёти шоир мақоми хосае доранд. Барои достони қаҳрамонии «Эҳёнома», ки ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, сазовори нахустин Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1989) гардидааст. Асари дигари шоир «Сурӯши Хатлон» ҳам лабрези ғояҳои ватандӯстию худшиносӣ ва сабақомӯзӣ аз ҳодисаву фоҷиаҳои таърихи миллат буда, соли 2000 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Дар достони «Сояҳои офтобрӯз» шеъру манзума ва силсилаи шеърҳои «Шоҳномаи умр», «Ҷони ташна» (достони қаҳрамонии Сафар Амиршоев), «Фарзанди Офтоб», «Дардномае ба миллат» шоир назари хонандаро ба таърихи ибратбахш ва пурфоҷиаи Ватан нигаронида, таъкид кардааст, ки танҳо меҳри ҳурмуздӣ миллати ҳурмуздинажодро метавонад аз хашми аҳриманӣ раҳоӣ бахшад. Достони «Дар таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол» андешаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ирфонии шоирро пешниҳоди умум доштааст. Ашъори ҷудогонаи И. Бунин, И. В. Гёте, Е. Евтушенко, С. Есенин, Г. Абашидзе, Ҳ. Ҳусейнзода, Э. Межелайтис, Н. Баратинский, А. Мухтор, Махдумқулӣ, Я. Колас, А. Орифовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Шеърҳояш ба аксари забонҳои мардуми шӯравӣ ва берун аз он тарҷума ва мунташир гардидаанд. Китоби ӯ «Дорожный провиант» ба забони русӣ дар Маскав чоп шудааст.
Сурудҳои зиёдеро бар матни ашъори Ҳақназар устод Одина Ҳошим ва Нигина Рауфова месароиданд. Имрӯз таронаҳои ӯро аксари кулли ҳофизони номии кишвар ба самъи мардум мерасонанд.
Навиштаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Тӯшаи роҳ» (1972), «Рамзи ҳаёт» (1976), «Нигоҳи гарм» (1981), «Зинароҳ» (1983), «Атри гиёҳ» (1985), «Тоҷи Офтоб» (1885), «Чашми саҳар» (1989), «Дорожный провиант» (Маскав, 1989), «Эҳёнома» (1991), «Барги сабзи ишқ» (1995), «Дардномае ба миллат» (1996), «Сурӯши Хатлон» (1998), «Ашки Офтоб» (1999), «Таронаҳои маҳтобӣ» (2001), «Аз қафои шишаи борон» (2002), «Хаймаи нур» (2004), «Зинда бо гудозишҳо» (2004), «Сарнавишт» (2005), «Ашки Офтоб» (2005), «Нафас то бар нафас овози вақт аст» (2005), «Қиссаи аспи хатлӣ» (2006), «Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам» (2007), «Муқаддаснома» (2005), «Дар бистари нарми гул» (2009), «Муждаҳои ориёӣ» (2013) ва ғайра ба дасти чоп расидаанд.
Ҳақназар Ғоиб барои фаъолияти пурсамари эҷодию роҳбарӣ бо як қатор ҷоизаву унвонҳо, аз ҷумла, Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1989), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (1993), Аълочии Кумитаи давлатии телевизон ва радиои Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1996), Ордени «Шараф» (1999), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000), Медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), Барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2013) мукофотонида шудааст.
7-уми январ дар таърих:
— Ҳунарпеша, коргардон ва продюсери амрикоӣ Николас Кейҷ имрӯз 57-сола шуд. Ӯ дар филмҳои “Хазинаи миллӣ”, “Худованди ҷанг”, “Дар 60 сония рафт”, “Шаҳри фариштаҳо”, “Кон Эйр”, “Беҳтар замонҳо”, “Рок”, “Бӯсаи вампирӣ”, “Расе ба моҳ” ва ғайра нақш бозидааст. Дар соли 1995 Кейҷ барои тарки Лас Вегас ҷоизаи Оскарро барои беҳтарин актёр гирифт.
— Соли 1834 ихтироъкори олмонӣ Иоганн Рейс дар ҳамин рӯз таваллуд шудааст. Ӯ асбоберо ихтироъ кард, ки садоро ба масофа мефиристад ва ба он «телефон» ном додааст. Дастгоҳ мусиқиро бомуваффақият интиқол медод, аммо барои интиқоли овози инсон мувофиқ набуд. Ду сол пас аз марги Рейс Томас Эдисон барои ихтирооти шабеҳ патент гирифт.
— Дар ҳамин рӯзи соли 1942 Василий Алексеев, варзишгари советӣ таваллуд шуд. Қаҳрамони дукаратаи Олимпиадаи солҳои 1972 ва 1976, қаҳрамони ҳашткаратаи ҷаҳон, қаҳрамони чандинкаратаи Аврупо ва собиқ СССР дар вазни дуюм мебошад. Вай 80 рекорди ҷаҳонӣ ва 81 рекорди СССР гузошт.
— Соли 1827 муҳандиси канадагӣ ва шотландӣ, ихтироъкор Сандфорд Флеминг ба дунё омадааст. Вай тарроҳи аввалин маркаҳои почтавии Канада шуд ва шабакаи роҳи оҳани Канадаро таъсис дод. Флеминг идеяи Чарлз Даудро дастгирӣ кард ва ҷаҳон ба минтақаҳои вақт тақсим карда шуд.
— 7-уми январи соли 1943 духтари ҷопонӣ Садако Сасаки ба дунё омад. Ӯ рамзи рад кардани ҷанги ядроӣ гардид. Садако дар Хиросима зиндагӣ мекард. Ҳангоми таркиши атомӣ вай дар хонае ҳамагӣ як мил дуртар аз маркази таркиш буд ва зинда монд. Моҳи ноябри соли 1954 вай аломатҳои бемории радиатсионӣ пайдо кард. Моҳи феврали соли 1955 Садако бо ташхиси лейкоз дар беморхона бистарӣ шуд. Аз дугонаи наздикаш ривоятеро шунидааст, ки агар одам ҳазор турна аз коғаз созад ва орзӯ кунад, албатта ба амал меояд. Садако аз ҳар пора коғаз ба навиштани мактубҳо cap кард. Вай дар моҳи октябр вафот карда, зиёда аз ҳазор чунин мактубҳо навишта, дар он орзуҳои худро навишт. Садако баъди нашри мактубҳояш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Дар Хиросима ва Сиэтли Амрико муҷассамаҳои духтарак — қурбониёни ҳамлаи ҳастаӣ гузошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ