Тақвими рӯз: Аз мавлуди Абулқосим Лоҳутӣ то интихоби Шавкат Мирзиёев
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Абулқосим ЛОҲУТӢ (1887-1957), 135-солагии зодрӯзи шоир, асосгузори назми муосири тоҷик.
Тоҷиддин МАРДОНӢ (1947), 75-солагии зодрӯзи тарҷумон, доктори илми филологӣ.
Нуриддин САНГОВ (1957), 65-солагии зодрӯзи доктори илми педагогӣ, академик.
Яҳё АЗИМОВ (1947), 75-солагии зодрӯзи арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Баъзе кишварҳо чунин ҷашн доранд:
Мексика — Рӯзи ҳунармандон.
Русия — Рӯзи информатикаи Русия.
Тонга — Рӯзи эълони давлатӣ.
Аз таърихи ҷаҳон:
-4-уми декабри соли 2016 дар робита ба даргузашти раисиҷумҳур Ислом Каримов (2-юми сентябри соли 2016) дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва Шавкат Мирзиёев раисиҷумҳури дувуми кишвар интихоб шуд.
Бархе аз таҳлилгарон интихоботи соли 2016-ро бозтарин интихобот дар таърихи Ӯзбекистони муосир унвон мекунанд. Васоити ахбори умум ба нашри изҳороти номзадҳо дар муқоиса бо маъракаҳои қаблии президентӣ шуруъ карданд. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА барои нахустин бор ба Ӯзбекистон як ҳайати комили нозирони интихоботро фиристод. КМИ инчунин нозирони як қатор созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СҲШ, СҲИ-ро аккредитатсия кардааст.
Ҳамчунин, барои нахустин бор варақаҳои раъй барои нобиноён бо ҳуруфи брайл мунташир шуда, дар даъватномаҳои маъмулии интихоботӣ исми номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ, ном ва логотипи аҳзоби сиёсӣ, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, зам шудааст. Хусусияти дигар — ин манъи «райъдиҳии оилавӣ» буд. Пештар як узви оила метавонист ба участкаи интихоботӣ омада, аз номи тамоми хешовандони худ интихоб кунад. Қобили зикр аст, ки ҳузури онҳо дар як вақт ҳатмӣ набуд. Акнун ин амал, ки хилофи қонун аст, қатъ шудан гирифт.
Дар рӯзи интихобот тамоми нақлиёти ҷамъиятии Тошканд бепул кор кард. Тибқи натоиҷи раъйдиҳӣ, номзад аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо касби 88,61 дарсад ба мақоми раиси дувуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ