Тақвими рӯз: Аз мавлуди Бобоҷонов то рӯйдодҳои ҷаҳон
Имрӯз, 20 октябр мавлуд доранд:
Юсуфҷон Бобоҷонов (1951-2021), 70-солагии зодрӯзи мутриб-дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Икром Исломов (1921-1984), 100-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор.
Амир Муродов (1936), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.
Қурбони Муҳаммадалӣ (1951), 70-солагии зодрӯзи мутарҷим.
Эргаш Хоркашев (1951), 70-солагии зодрӯзи шоир, фалаксаро.
20 октябр таҷлил карда мешавад:
Рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.
Рӯйдод:
20 октябри соли 1822 дар Англия шумораи нахустини рӯзномаи «The Sunday Times» ба нашр расид.
***
20 октябри соли 1945 аввалин маротиба занҳо дар Франсия ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан ба даст оварданд.
***
20 октябри соли 1868 дар Киев нахустин бонки хусусии тиҷоратӣ ифтитоҳ ёфт.
***
20 октябри соли 1714 Пётри I қарореро оид ба манъи истифодаи сангҳо дар сохтмонҳои Россия, ба истиснои Санкт-Петербург қабул намуд.
***
20 октябри соли 1982 дар Лужники фоҷиа рух дод: дар натиҷаи танбашавӣ 66 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ