Тақвими рӯз: Аз мавлуди Буринисо Бердиева то ихтирои SMS
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Буринисо БЕРДИЕВА (1927-2003), 95-солагии зодрӯзи рӯзноманигор.
Мирзоқул БОЗОРОВ (1907-1974), 115-солагии зодрӯзи пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
Михаил МАССОН (1897-1980), 125-солагии зодрӯзи доктори илми таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Валерия ОВЧАРЕНКО (1937), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи геология.
Аз таърихи ҷаҳон:
— Имрӯз Рӯзи байналмилалии маъюбон аст. Ҳадаф аз баргузории ин рӯз пешбурди ҳуқуқи маъюбон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти онҳо мебошад.
Дар ҷаҳон зиёда аз 1 миллиард нафар одамон ягон намуди маъюбӣ доранд (тақрибан ба 15% аҳолии ҷаҳон рост меояд), зиёда аз 100 миллион нафар маъюбон кӯдакон мебошанд. Ва ҳамаи онҳо бо монеаҳои ҷисмонӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рафторӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки онҳоро аз иштироки пурра, муассир ва баробар дар ҷомеа истисно мекунад.
Тибқи иттилои СММ, онҳо ҳиссаи номутаносибии аҳолии камбизоаттарини ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва онҳо инчунин ба захираҳои асосӣ, аз қабили маориф, шуғл, тандурустӣ ва системаҳои дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дастрасии баробар надоранд.
— Имрӯз дар Русия Рӯзи сарбози номаълум ба ёди сарбозони рус ва шӯравӣ, ки дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишвар ва ё хориҷи кишвар ҳалок шудаанд, таҷлил мешавад. Рӯзи 3-юми декабр ба далели он интихоб шудааст, ки дар ин рӯзи соли 1966 ба муносибати 25-умин солгарди шикасти неруҳои немис дар назди Маскав ҷасади як сарбози номаълум дар назди деворҳои Кремли Маскав бо тантана ба хок супурда шуд.
— 55 сол пеш имрӯз ҷарроҳ Кристиан Барнард аввалин трансплантатсияи дилро бомуваффақият анҷом дод. 3-юми декабри соли 1967 дар беморхонаи Гроте Шур дар Кейптаун (Африқои Ҷанубӣ) Барнард дили ҷавонзанеро, ки ба садамаи автомобилӣ дучор шуда буд, ба Луи Вашканскии 54-сола пайванд кард. Пас аз 18 рӯзи ҷарроҳӣ Вашканский аз варами пневмония вафот кард. Бо вуҷуди ин, бемори навбатӣ Филипп Блейберг бо дили трансплантатсияшуда зиёда аз 19 моҳ зиндагӣ мекард. Дар солҳои 70-ум ин гуна амалиётҳо он қадар зиёд набуданд, аммо дар авоили солҳои 80-ум бо кашфи доруҳои иммуносупрессант теъдоди ин гуна амалиётҳо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт.
Дар трансплантатсияи муосир пайванди дил ба як амалиёти маъмулӣ табдил ёфтааст, ки пас аз он беморон беш аз 10 сол умр мебинанд.
— 3-юми декабри соли 1992 воқеае рӯй дод, ки марҳалаи муҳим дар таърихи рушди технологияҳои коммуникатсионӣ гардид. Дар он рӯз аввалин интиқоли SMS дар ҷаҳон сурат гирифт. Онро муҳандис Нил Папворт аз компютер ба телефони мобилӣ фиристодааст.
Пас аз 10 сол имкони ирсол ва қабули паёмакҳои кӯтоҳ бо истифода аз телефони мобилӣ пейҷерҳоро аз бозор тақрибан комилан дур кард. Ба ин тадриҷан кам шудани арзиши хидматрасонии SMS низ мусоидат кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ