Тақвими рӯз: Аз мавлуди Фирӯз Баҳор то Рӯзи ҷаҳонии мардон

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Фирӯз БАҲОР (1942), 80-солагии композитор.

Гулнор УСМОНОВА (1972), 50-солагии зодрӯзи адиб ва журналист.

Турсунмурод ОТАБОЕВ (1947), 75-солагии зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Аз таърихи Тоҷикистон:

19-уми ноябри соли 1992 дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

Аз таърихи ҷаҳон:

— Соли 1824 дар ин рӯз бузургтарин обхезӣ дар таърихи Санкт-Петербург рух дод. Санкт-Петербург бо теъдоди обхезиҳо «машҳур» аст, ба хотираи обхезиҳо аллакай беш аз 20 лавҳаи хотиравӣ насб шудааст. Сатҳи об 10% майдони шаҳрро ишғол мекунад. Дар давоми таърихи худ Санкт-Петербург бештар аз 330 маротиба зери об мондааст.

Бузургтарин обхезӣ 19-уми ноябри соли 1824 буд, ки сатҳи оби дарёи Нева аз муқаррарӣ 421 см баланд шуд. Сели 1824 ба Петербург талафоти калон овард. 324 хона тамоман хароб шуда, 3257 бинои гуногун (яъне нисфи тамоми биноҳои мавҷуда) вайрон шуд. Тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расиданд.

— Соли 1820 осорхонаи Прадо дар Мадрид кушода шуд. Прадо — яке аз бойтарин галереяҳои санъат дар ҷаҳон 19-уми ноябри соли 1819 дар Мадрид дар бинои қасри боҳашаммати махсус сохта шуда буд. Дар коллексияи бадеии осорхона бисёр шоҳасарҳои тамоми жанрҳои рассомӣ мавҷуданд. Имрӯз Осорхонаи миллии Прадо яке аз рамзҳои Испания мебошад. Коллексияи зебоманзари осорхона зиёда аз 8600 расмро дар бар мегирад. Давра ба давра расмҳои осорхона дар намоишгоҳҳои кишварҳои дигар намоиш дода мешаванд.

— Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳоҷатхона аст. Ин рӯз соли 2001 дар як конфронси байналмилалӣ оид ба ҳоҷатхонаҳо дар Сингапур эълон шуда буд. Зимнан, ҷои баргузории конфронс тасодуфан интихоб нашудааст: Сингапур бо тозагии бенуқсони ҳоҷатхонаҳо машҳур аст. Имрӯз ин рӯз ба инсоният хотиррасон мекунад, ки 3,6 миллиард нафар бидуни дастрасӣ ба санитарияи бехатар зиндагӣ мекунанд (яъне онҳо ё дар хона ҳоҷатхона надоранд ё ҳоҷатхонаи онҳо барои безарар партофтани партовҳо муҷаҳҳаз нест).

— Имрӯз Рӯзи байналмилалии мардон аст. Бори аввал онро соли 1999 сокинони Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго, як кишвари ҷазиравӣ дар баҳри ҷанубии Қариб, ки аз ду ҷазираи бузург иборат аст, таҷлил карданд. Ин рӯзро доктори Донишгоҳи Ғарбӣ Ҷером Тилукинг, ҳамоҳанг карда, интихоб кардааст. Падари Ҷером Тилукинг 19-уми ноябр ба дунё омадааст ва ӯ падарашро аз намунаи олии мардон медонист. То имрӯз ин ҷашн дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон таҷлил мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳ ба табъизи гендерии мардон дар муайян кардани аҳамияти нақши онҳо дар оила ва тарбияи фарзандон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *