Тақвими рӯз: Аз мавлуди Лев Коган то зилзилаи пурқурбонии Арманистон

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Лев КОГАН (1932), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Бозорбой БОРОНОВ (1917-1974), 105-солагии зодрӯзи пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Аз таърихи ҷаҳон:

Имрӯз Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ таҷлил мешавад, ки Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи худро 7-уми декабри соли 1996 эълон кард. Ҳамин тариқ, ҳукуматҳо, инчунин ташкилотҳои дахлдори миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва байниҳукуматиро даъват мекунанд, ки барои таҷлили он чораҳои дахлдор андешанд.

Ҳадаф аз баргузории ин рӯз огоҳ намудани ҷомеаи васеъ дар бораи саҳми авиатсияи гражданӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои узв, инчунин дар бораи нақши беназири ИКАО — муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар муттаҳидсозии кӯшишҳои кишварҳо барои эҷоди шабакаи ҷаҳонии нақлиёти баландсуръат дар хидмати тамоми инсоният.

— Дар Арманистон имрӯз Рӯзи ёдбуди қурбониёни зилзила аст. 7-уми декабри соли 1988 дар ин кишвар фоҷеаи мудҳиш рух дод, ки як шаҳр пурра хароб ва даҳҳо ҳазор нафар дар зери харобаҳои он ҳалок шуданд. Заминларза ҳамагӣ ним дақиқа давом кард ва баъд хомӯшии гӯшношунид фаро расид. Шаҳрҳо ва деҳот харобазор буданд. Маркази зилзила ба Спитаки 19-ҳазорум рост омад — шаҳр тамоман аз рӯи замин канда шуд. Қувваи такон дар он ҷо аз рӯи ҷадвали 12-баллӣ 10 балл арзёбӣ шудааст.

Дар маҷмуъ, 21 шаҳр ва беш аз 300 деҳа осеб дидааст, ки 58-тои онҳо комилан хароб шудааст.

Мутахассисон ҳисоб карда баромаданд, ки энергияи ларзишҳо ба энергияи 10 бомбаи ядроии он вақт баробар аст. Диаметри майдони умумии осебдида тақрибан 80 километр буд. Дар баробари ин, зилзила на танҳо дар Тифлис ва Ереван ҳис карда шуд, «акси садои» онҳо дар тамоми сайёра гузашт, он дар Аврупо, Осиё, Амрико, Африқо ва ҳатто Австралия ба қайд гирифта шуд.

Зарари умумии ба хоҷагии халқи кишвар аз зилзила дар Спитак расида қариб 10 миллиард рубли советиро ташкил дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *