Тақвими рӯз: Аз мавлуди Муқимов то Рӯзи байналмилалии барҳам додани ғуломӣ
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Раҳим МУҚИМОВ (1922-2000), 100-солагии зодрӯзи доктори илми филологӣ, профессор.
Владимир КАПРАНОВ (1927), 95-солагии зодрӯзи доктори илми филологӣ, Корманди шоистаи илми Тоҷикистон.
Саодат ҚОБИЛОВА (1952), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи фалсафа.
Аз таърихи ҷаҳон:
— 2-юми декабри соли 1971 дар қисми шарқии нимҷазираи Арабистон, дар соҳили халиҷи Форс ва Уммон давлати Аморати Муттаҳидаи Араб ташкил карда шуд. Ба он 7 аморат дохил мешавад: Абу-Дабӣ, Дубай, Шарҷа, Аҷман, Фуҷайра, Уммел Кайвайн ва Рас-ал-Хайма.
Сохти давлатии Аморати Муттаҳидаи Араб омезиши беназири системаҳои ҷумҳуриявӣ ва монархӣ мебошад. Давлатро амири Абу-Дабӣ, ҳукуматро амири Дубай сарварӣ мекунанд.
Имрӯз қувваи кории асосии АМА хориҷиён аст ва танҳо 25-30% мардуми таҳҷоӣ ба баъзе корҳо ҷалб шудаанд. Иқтисодиёти кишвар ба истихроҷи нафту газ асос ёфтааст, ки даромади содиротии он тақрибан нисфи буҷети ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки шаҳри Дубай аз зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон буда, бинои баландтарини ҷаҳон — Бурҷи халифа дар ин шаҳр ҷойгир аст.
— Имрӯз Рӯзи байналмилалии барҳам додани ғуломӣ аст. Он ба санаи қабули Конвенсияи мубориза бо қочоқи одамон ва истисмори танфурӯшии дигарон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ алоқаманд аст.
Меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, асорати ҷангӣ, ғуломии оилавӣ, издивоҷи маҷбурӣ, фурӯши арӯс, мероси бевазанон, ҷалби маҷбурии кӯдакон барои истифода дар даргириҳои мусаллаҳона, хариду фурӯши одамон ва ғайра — ин шаклҳои муосири ғуломӣ мебошанд, ки решакан кардани онҳо мақсади асосии ин рӯз аст.
Тибқи маълумоти СММ, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 40,3 миллион нафар қурбонии шаклҳои муосири ғуломӣ, аз ҷумла 24,9 миллион қурбонии меҳнати маҷбурӣ ва 15,4 миллион қурбонии издивоҷи маҷбурӣ мебошанд. Аз ҳазор нафар дар ҷаҳон панҷ нафарашон қурбони тоҷирони муосири ғулом мебошанд. Яке аз чаҳор қурбонӣ кӯдак аст. Илова бар ин, дар ҷаҳон аз ҳар даҳ кӯдак як нафар ба кор маҷбур аст, ки дар маҷмуъ 150 миллион кӯдак дар кори кӯдакон қарор доранд. Занон ва духтарон 99% тамоми қурбониёни саноати ҷинсӣ ва 58% дар дигар бахшҳои иқтисоди пинҳониро ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ