Тақвими рӯз: Аз мавлуди Мусо Ҷумаев то Рӯзи ҷаҳонии хок

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Мусо ҶУМАЕВ (1927-1997), 95-солагии зодрӯзи селексионер, доктори илми кишоварзӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.

Аълохон ОЛИМӢ (1912-2001), 110-солагии зодрӯзи олими соҳаи кишоварзӣ.

Карим ҲАЛИМОВ (1937-2000), 85-солагии зодрӯзи дирижёр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Абдулҳамид ОРИФОВ (1932-1988), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи химия.

Аз таърихи ҷаҳон:

— Имрӯз Рӯзи байналмилалии волонтёрон аст. Волонтёрон одамоне мебошанд, ки вақти холии худро ба манфиати ҷомеа сарф мекунанд. Фаъолияти онҳо кори хайрхоҳонаи бемузд аст, ки барои ташаккули шахсият, омӯзиши ҳаёт ва вохӯрӣ бо одамон гуногун мусоидат менамояд. Ҳадафи ин рӯз ташвиқи боз ҳам бештари одамон дар тамоми қишрҳои ҳаёт барои пешниҳоди хидматҳои худ ҳамчун волонтёр ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошад.

— 5 декабр ҳамчун Рӯзи шуҳрати низомии Русия — Рӯзи оғози ҳамлаи ҷавобии неруҳои шӯравӣ бар зидди аскарони фашистӣ дар муҳорибаи Маскав (1941) ҷашн гирифта мешавад. 5-уми декабри соли 1941 қӯшунҳои советӣ ба ҳуҷум гузашта, гуруҳҳои зарбазанӣ маркази гуруҳи армияро торумор карданд ва хавфи дар Маскав омадаистодаро бартараф намуданд. Ин аввалин шикасти калони армияи фашистӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон буд. Фашистон дар муҳорибаи назди Москва бештар аз ним миллион кас, 1300 танк, 2500 тӯп, зиёда аз 15 ҳазор автомашина ва бисёр техникаи дигарро талаф доданд.

— 5-уми декабр ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии хок бо мақсади хотиррасон кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи аҳамияти захираҳои хок ва нақши онҳо дар ҳифзи экосистема ва баланд бардоштани некӯаҳволии инсон таҷлил карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *