Тақвими рӯз: Аз мавлуди Раҳимов то рӯйдодҳои ҷаҳон
Имрӯз, 19 октябр мавлуд доранд:
Наҷмиддин Раҳимов (1926), 95-солагии зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Равшан Тӯрабеков (1936-2004), 85-солагии зодрӯзи коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
19 октябр таҷлил карда мешавад:
Дар Россия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
***
Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.
Рӯйдод:
19 октябри соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон симпозиуми байналмилалии илмии «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» доир шуд.
***
19 октябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
***
19 октябри соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.
***
19 октябри соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ