Тақвими рӯз: Аз мавлуди Руқия Қурбонова то рӯйдодҳои олам

Имрӯз, 23 октябр мавлуд доранд:

Руқия Қурбонова (1956), 65-солагии зодрӯзи арбобзани давлатӣ.

Юрий Нестеров (1936),85-солагии зодрӯзи доктори илми техникӣ.

Руқия Қурбонова — собиқ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008 — 2013).
Руқия Қурбонова 23 октябри соли 1956 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1978 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм намудааст. Соли 1988 мактаби олии партиявии Тошкентро хатм карда, фаъолияти меҳнатияшро ҳамчун омӯзгори мактаби миёна аз мактаби миёнаи раками 9-и шаҳри Норак оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои котиби якуми Кумитаи иттифоқи комсомолии ленинии ҷавонони Норак, котиб-сардори шӯъба, раиси Кумитаи партияи коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Норак кор кардааст.

Аз соли 1992 то 1995 дар идораи сохтмонии нерӯгоҳи барқи обии Норак, дар шӯъбаи сохмонии “махсуси обӣ”-и шаҳри Норак фаъолият намудааст. Солҳои 1995-1997 муовини якуми раиси шаҳри Норак буд.

Соли 1997 муовин, соли 2000 муовини якуми раиси Ноҳияи марказӣ, соли 2003 муовини раиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе. Солҳои 2003-2004 дар вазифаи мудири шӯъбаи тандурустӣ оиди кор бо зан ва оилаи назди Дастгоҳи иҷроияи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2004 раиси Кумитаи кор бо зан ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005 муовини раиси вилояти Хатлон, солҳои 2006-2007 раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Бо ордени “Хизмати шоён” сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Аз 26 январи соли 2008 то ноябри 2013 ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло бознишаста мебошад.

23 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ.

 ***

Рӯзи кормандони реклама дар Россия.

РӮЙДОД:

23 октябри соли 2013 дар кинотеатри «Ҷомӣ» ҳафтаи филмҳои полшагӣ кушода шуд.

***

 23 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии «Тартиби ҳуқуқии Тоҷикистон ва мамлакатҳои ИДМ: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.

***

23 октябри соли 2018 дар Душанбе машваратҳои 7-уми сиёсии дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардиданд

***

23 октябри соли 1946 иҷлосияи нахустини СММ баргузор шуд.

***

23 октябри соли 1776 дар натиҷаи инфиҷори вулқони Майон (ҷазираи Лусон, Филиппин) 2000 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

23 октябри соли 2000 олимони донишгоҳи Пенсилвания бактерияҳои қадимтаринеро кашф намуданд, ки қариб 250 миллион сол доштанд.

***

23 октябри соли 1814 дар Англия аввалин ҷарроҳии пластикӣ гузаронида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *