Тақвими рӯз: Аз мавлуди Сайрам Исоева то Рӯзи Парчами давлатӣ
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Сайрам ИСОЕВА (1942), 80-солагии зодрӯзи актрисаи театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Муҳаммадҷон ТОШТЕМУРОВ (1947-2014), 75-солагии зодрӯзи адиб.
Сафарбой ҒОИБОВ (1952), 70-солагии зодрӯзи адабиётшинос, олими соҳаи филология.
Сайрам Исоева ва зиёда аз 100 нақш дар пиесаҳои театрӣ
Сайрам Исоева — ҳунарпеша, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1987), узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва ИҶШС (1973) 24-уми ноябри соли 1942 дар Душанбе ба дунё омадааст. Хоҳари ҳунарпеша Исоева Марям Неъматовна аст. Донишкадаи театрию бадеии Тошкандро соли 1964 хатм кардааст. Солҳои 1964-2006 ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ ва аз соли 2006 саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Нақши аввалинашро дар намоишномаи «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (холаи Зиёда) бозидааст. Зиёда аз 100 нақш дар пиесаҳои театрӣ офаридааст, аз ҷумла Нозӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М. Байчиев), Робия («Суруди нотамом»-и А. Атобоев), Аза («Лӯлидухтар Аза»-и М. П. Старитский), Сита («Рамаяна»-и А. Гусев), Мирандолина («Соҳиби меҳмонхона»-и П. Бомарше), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукуҳӣ), Сотти («Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад) ва ғ. Коргардони чанд намоишнома, ба монанди «Маугли»-и Р. Киплинг, «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ, «Дустӣ», «Сайр дар соли нав»-и С. Исоева, «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад, «Арӯси шаҳрӣ»-и Н. Исломов мебошад. Бо киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Ӯзбекфилм» ҳамкорӣ намуда, чандин нақшҳо, аз қабили Гулнор — «Духтари сеюм»-и Анвар Тураев (1969), Гурдофарид — «Рустам ва Суҳроб» (коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад — «Сирри оила» (коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика — «Агар дӯст дорӣ» (коргардон А. Қуддусов), Малика — «Қӯи сафед» (коргардон А.Ҳамроев), Нодира — «Танҳо миёни мардум» (коргардон Комил Ёрматов), Майсара — «Саргузашти Майсара» офаридааст.
Сайрам Исоева бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо мукофотонида шудааст.
Аз таърихи Тоҷикистон:
— Соли 1991 дар кишвар аввалин маротиба интихоботи президентӣ сурат гирифт. Ба ҳайси президент Раҳмон Набиев интихоб шуд.
— Соли 1992 дар кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
— Аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад.
— Соли 2010 дар маркази шаҳри Душанбе президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд.
Аз таърихи ҷаҳон:
— Дар ин рӯз, 162 сол пеш асари Чарлз Дарвин “Пайдоиши намудҳо” ба фурӯш баромад. Нашри азими китоб дар он вақт дар як рӯз бо теъдоди 1250 нусха фурӯхта шуд, ки дар илми ҷаҳонӣ пайдо шудани назарияи таҳаввулоти табиати зиндаро, ки санги аслии биологияи муосир ё дарвинизм гардид, нишон дод.
Дарвин интихоби табиӣ ва тағирёбии номуайянро қувваи асосии пешбарандаи эволютсия номид.
— Имрӯз дар Амрико Рӯзи дӯстон (аслан Рӯзи дӯстон ба даст овардан ва ба одамон таъсир расонидан) аст, ки ҳамасола 24-уми ноябр зодрӯзи равоншинос ва нависандаи маъруфи амрикоӣ Дейл Карнеги, муаллифи китоби “Чӣ тавр дӯстонро бояд ба даст овард?” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар дӯконҳои китобфурӯшии Амрико маҳз китобҳои Карнеги дар ҷои намоён ба намоиш гузошта мешаванд. Китобҳои омӯзгор, равоншинос, нависандаи амрикоӣ Дейл Карнеги, ки дар ин рӯз ба дунё омадааст, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо теъдоди миллионҳо нусха нашр шудаанд ва андешаҳои ӯ дар бораи ташкили ҳамкории муассири байни одамон аҳамияти худро гум накардаанд.
Баъзе кишварҳо чунин ҷашнҳо доранд:
Русия — Рӯзи Морж.
Тоҷикистон — Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи дӯстон (дар рӯзи таваллуди Дейл Карнеги).
Туркия — Рӯзи омӯзгорон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ