Тақвими рӯз: Аз мавлуди Шавкат Ниёзӣ то кумак ба камбизоатон

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Шавкат НИЁЗӢ (1927-2021), 95-солагии зодрӯзи адабиётшинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Баҳора ХУРРАМЗОД (1957), 65-солагии зодрӯзи нависанда, олими соҳаи санъатшиносӣ.

19-уми декабр дар таърих:

1981 — истгоҳҳои метрои Киев «Майдони Лва Толстой» ва «Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ» (ҳоло «Олимпик») кушода шуданд.

1983 — Аз бинои Федератсияи футболи Бразилия ҳайкалчаи аслии Ҷоми Жюл Риме дуздида шуд.

1985 — Ҳавопаймои Ан-24 дар Чин рабуда шуд.

1991 — Охирин ордени Ситораи Сурх дар таърих дода шуд.

Ҳамасола 19-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатонро таҷлил мекунад. Созмони Милали Муттаҳид камбизоатиро ҳамчун «ҳолати набудани дарозмуддати ғайриихтиёрии захираҳои зарурӣ барои таъмини тарзи қаноатбахши зиндагӣ» муайян мекунад.

Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, дар охири асри 20 тақрибан чоряки тамоми аҳолии сайёра, яъне якуним миллиард нафар бадбахтона умр ба сар мебурданд. Ва пажуҳишҳо ҳамчунин нишон доданд, ки дар байни солҳои 1999 ва 2007 беш аз 300 миллион нафар аз фақр фавтидаанд. Бояд гуфт, ки ҳатто ду ҷанги ҷаҳонӣ ҳам ин қадар ҳаёти одамонро нагирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *