Тақвими рӯз: Аз Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо то Рӯзи байналмилалии Баҳри Сиёҳ

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Мунир АКРАМОВ (1932), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи биология, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Намоз КӮЧАРОВ (1927), 95-солагии зодрӯзи пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Андрей СУБОТИН (1917-1990), 105-солагии зодрӯзи генерал-майор.

Имрӯзи таърих:

— Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо таҷлил мешавад, ки бо қарори Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2013 бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи умумиҷаҳонӣ ба мушкилоти урбанизатсияи ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст.

Тибқи маълумоти СММ, дар ҳоли ҳозир беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо умр ба сар мебаранд ва то соли 2050-ум 68 дарсади аҳолии ҷаҳон шаҳрнишин хоҳанд буд. Ҳар рӯз шаҳрҳои ҷаҳон аз ҳисоби қариб 180 ҳазор нафар одамон пурра карда мешаванд.

— Рӯзи байналмилалии пасандозҳо ҳамасола 31-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз мувофиқи нақшаи эҷодкорон на танҳо маблағро сарфа кардан, балки ба маънои васеи калима сарфа кардан лозим аст: сарфаи вақт, қувва, муносибати эҳтиёткорона бо ашёҳо ва ғайра.

— Имрӯз ба анҷом расидани ёдгории миллии ИМА дар куҳи Рашмор ҷашн гирифта мешавад. Сохтмони он 10-уми августи соли 1927 оғоз ёфт. Барелефҳои чаҳор президент — Ҷорҷ Вашингтон, Томас Ҷефферсон, Авраам Линколн ва Теодор Рузвелт дар куҳ кандакорӣ шудаанд, ки мутаносибан таваллуд, фалсафа, муттаҳидшавӣ ва густариши миллатро ифода мекунанд. Баландии ҳар як барелеф зиёда аз 18 метр буда, онҳо аз масофаи 100 километр намоёнанд. Муҷассамаи чаҳор президент ба рамзи миллии Амрико табдил ёфта, миллионҳо сайёҳон аз тамоми ҷаҳонро ҷалб кардааст. Зимнан, барои тарошидани сари 18-метраи чаҳор президент Гутсон Борглум беш аз 14 сол ва тақрибан 400 коргар лозим буд.

— Соли 1984 сӯиқасд ба ҷони сиёсатмадор Индира Гандӣ сурат гирифт — ду сикҳ Биант Сингҳ ва Сатвант Сингҳ ба сӯи вай 20 тир парронданд. Гумон меравад, ки амалиёти бемуваффақияти «Ситораи кабуд» барои безарар гардонидани ифротгароёни сикҳ боиси марги ӯ шудааст.

— Соли 2015 дар нимҷазираи Синай фоҷиа рух дод, ки дар таърихи авиатсияи граждании Русия аз рӯи шумораи қурбониён бузургтарин фоҷиа гардид. Барои 217 мусофир ва 7 аъзои экипажи 7К-9268 ин рӯз охирин буд. Пагоҳии 31-уми октябр киштии «Когалымавиа» аз Шарм-эш-Шайхи Миср ба парвоз баромад. Он мебоист сайёҳонеро, ки аз таътил бармегарданд, ба Санкт-Петербург мебурд. Аммо 23 дақиқа пас аз парвоз иртибот бо ҳавопаймо қатъ шуд ва худи он аз экранҳои радарҳо ғайб зад. Гуруҳҳои ҷустуҷӯӣ пораҳои ҳавопайморо дар қисмати марказии нимҷазираи Сино пайдо карданд. Хусусияти партовҳо ва майдони паҳншавии онҳо нишон дод, ки нобудшавии ҳавопаймо ҳатто пеш аз зарбаи он ба замин рух додааст. Дар натиҷаи тафтишот муайян карда шуд, ки сабаби суқути ҳавопаймо амали террористӣ будааст — дар дохили ҳавопаймо маводи таркандаи худсохт мунфаҷир шудааст. Масъулияти ҳамларо гуруҳи ДОИШ дар Сино бар уҳда гирифт. Русия дар миёнаҳои моҳи ноябри соли 2015 ҳамлаи террористиро эълон карда буд, аммо ҷониби Миср ин далелро танҳо дар моҳи феврали соли 2016 эътироф кард. Рамзи ин фоҷиа акси духтари 10-моҳа Дарина Громова буд, ки дар фурудгоҳи Пулково бо сарлавҳаи «Мусофири асосӣ» гирифта шудааст.

— Имрӯз Рӯзи байналмилалии Баҳри Сиёҳ таҷлил мешавад, ки ба хотири он рӯзе, ки соли 1996, ки шаш кишвари соҳили Баҳри Сиёҳ — Булғористон, Руминия, Туркия, Гурҷистон, Русия ва Украина — Нақшаи амалҳои стратегӣ оид ба барқарорсозӣ ва ҳифзи баҳри Сиёҳро имзо карданд, таъсис дода шудааст. Ҳадафи аслии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хисороти ҷуброннопазир ба баҳр дар натиҷаи моҳигирии аз ҳад зиёд, ифлосшавии об ва гармшавии глобалӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *