Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Абдулатиф Азизов то Рӯзи мубориза бо пневмония

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Абдулатиф АЗИЗОВ (1957), 65-солагии зодрӯзи доктори илми педагогӣ, профессор.

Ибодат РАҲИМОВА (1922-2009), 100-солагии зодрӯзи арбоби давлатӣ ва ҳизбӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Аҳмад ҒАНИЕВ (1927), 95-солагии зодрӯзи рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Абдулатиф Азизов — муаллифи беш аз 245 асару мақолаҳои илмӣ

Абдулатиф Азизов — номзади илмҳои педагогӣ (1995), доктори илмҳои педагогӣ (2013), профессор (2013), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми ноябри соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ соли 1976, пас аз хатми мактаби миёна Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С. М. Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров)-ро бо ихтисоси муаллими нақша, расм ва меҳнат хатм намудааст. Аз соли 1981 то соли 1983 дар мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Б. Ғафуров ҳамчун омӯзгори фанни “Нақша, расм ва меҳнат” фаъолият бурдааст. Истеъдоди омӯзгорӣ, шавқу рағбат нисбат ба кори илмӣ доштани устодро ба назар гирифта, соли 1983 ӯро ба вазифаи муаллими кафедраи “Асосҳои истеҳсолот”-и донишкада қабул менамоянд. Мавсуф аз соли 1987 дар вазифаи сармуаллими кафедраи “Асосҳои истеҳсолот” фаъолият бурдааст. Аз соли 1995 рисолаи номзадии худро таҳти мавзӯи “Методикаи таълими кандакорӣ аз чӯб барои хонандагони синфҳои 8-9 (аз рӯи маводи ҳунарҳои халқии Тоҷикистони Шимолӣ) дар Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Брянски Россия ҳимоя намуда, ба дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ ва соли 1998 унвони дотсентиро сазовор гашт.

Азизов Абдулатиф аз моҳи ноябри соли 2003 муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети физикаю техника, соли 2006 Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 декани факултети физикаю техника гардид.

Дар давоми фаъолият соли 2012 мудири кафедраи Технология ва методикаи таълими он ва соли 2013 рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии ташаккулёбии эҷодиёти техникӣ дар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ»-ро ҳимоя намуда, соли 2014 профессори кафедраи Технология ва методикаи таълим гашт.

Маҳз дар заминаи тадқиқоту пажуҳишот зери роҳбарии ӯ 1 нафар (Рӯзиева Мавлуда) рисолаи номзадиро омода намудааст.

Профессор Азизов Абдулатиф муаллифи бештар аз 245 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 4 монография, 32 китоби дарсӣ ва Стандарти синфҳои 5-11 дар асоси тезисҳо мебошад.

Аз таърих:

— Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо пневмония ҳамасола 12-уми ноябр таҷлил мешавад. Пневмония як сирояти шуш аст, ки бештар ба кӯдакон, пиронсолон ва одамони дорои системаи масунияти суст таъсир мерасонад. Пневмонияро намудҳои гуногуни микроорганизмҳо ба вуҷуд оварда метавонанд.

Ин рӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси Эътилофи ҷаҳонии зидди пневмонияи кӯдакона пайдо шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *