Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Анатолий Рудой то канали Суэтс

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Анатолий РУДОЙ (1912-2010), 110-солагии зодрӯзи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.

Ҳамдам АДУЛВОИТОВ (1952), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика ва математика.

Аз таърих:

— Имрӯз Рӯзи байналмилалии донишҷӯён аст. Таърихи он ба солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар Чехословакия cap шуда буд, бо воқеаҳои фоҷиавӣ вобаста аст. Дар ин рӯз гестапо пагоҳии барвақт хобгоҳҳои донишҷӯёнро иҳота карданд. Зиёда аз 1200 нафар донишҷӯён дар лагери контсентратсионии Заксенхаузен дастгир ва зиндон карда шуданд. 9 нафар донишҷӯ ва фаъолони ҳаракати донишҷӯён дар зиндон бе мурофиа ба қатл расонида шуданд. Бо фармони Гитлер ҳамаи донишгоҳҳои чехӣ то охири ҷанг баста шуданд.

— 17-уми ноябр Рӯзи байналмилалии кӯдакони бармаҳал аст. Он соли 2009 бо ташаббуси Бунёди Аврупо оид ба нигоҳубини кӯдакони навзод таъсис ёфтааст.

Ҳар сол дар сайёра тақрибан 15 миллион кӯдак пеш аз муҳлат таваллуд мешаванд, ба ибораи дигар, ин ба ҳисоби миёна ҳар даҳумин кӯдаки таваллудшуда аст. Тибқи омор, таваллуди пеш аз муҳлат боиси тақрибан нисфи тамоми фавти навзодон дар ҷаҳон аст.

Идеяи таъсиси Рӯз аз он иборат аст, ки мушкилоти мавҷуда дар ҷомеа, зарурати ҳалли мушкилоти таъхирнопазире, ки табибон ва оилаҳои кӯдакони бармаҳал доранд, ба таври оммавӣ ва васеъ эълон карда, ба онҳо дар пайдо кардани дастгирӣ ва фаҳмиш кумак расонанд.

Бояд гуфт, ки бисёре аз афроди барҷаста бармаҳал ба дунё омадаанд, вале баъдан нобиғаҳои машҳури ҷаҳон шудаанд, ки дар байни онҳо Наполеон Бонапарт, Исаак Нютон, Алберт Эйнштейн ва дигарон низ ҳастанд.

— 52 сол муқаддам дар ҳамин рӯз канали Суэтс барои киштиронӣ кушода шуд. Дар шимолу шарқи Миср 17-уми ноябри соли 1869 маросими ботантана кушода шудани канали Суэтс, ки баҳри Миёназамин ва Сурхро ба ҳам пайвастааст, барои киштиронӣ кушода шуд. Ин лоиҳа айнан Мисрро хароб кард ва дар соли 1876 кишвар муфлис эълон карда шуд. Ин боиси аз тарафи давлатҳои кредитор — Фаронса ва Англия аз болои он муқаррар намудани назорати молиявӣ гардид. Дар марҳалаи аввали корҳои сохтмон бо истифода аз меҳнати маҷбурии камбағалони Миср корҳои заминканӣ анҷом дода мешуданд. Аз нуқтаи назари техникӣ сохтмон, ки 11 сол давом кард, чандон мураккаб набуд, он ҳамагӣ як ҷӯйборе буд, ки 163 километр тӯл дошт. Канал ба савдои ҷаҳонӣ таъсири бузург расонд. Он иҷозат дод, ки нақлиёти обӣ дар ду самти байни Аврупо ва Осиё бе гирду атрофи Африқо гузарад. То кушода шудани канал боркашонӣ ба воситаи киштиҳои борфарорӣ ва ба воситаи нақлиёти хушкӣ дар байни баҳри Миёназамин ва Сурх ба амал бароварда мешуд. Ин канал инчунин дар васеъ кардан ва мустамликадории минбаъдаи Африқо нақши калон бозид.

То имрӯз канали Суэтс лоиҳаи асосии ташкилкунандаи буҷаи Миср мебошад. Ба фикри баъзе мутахассисон, ин канал ба мамлакат назар ба истихроҷи нефт ва аз инфраструктураи тараққикардаи сайёҳӣ хеле зиёд даромад меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *