Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Аъзам Камолов то кашфи “рентген”

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Тоҷинисо МАҲМАДОВА (1967), 55-солагии зодрӯзи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гулҷаҳон БОБОСОДИҚОВА (1937), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи математика, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ.

Аъзам КАМОЛОВ (1912-1977), 110-солагии зодрӯзи дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Аъзам Камолов ва зиндагиномаи ӯ

Аъзам Камолов — оҳангсоз, навозанда, дирижёр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941) соли 1912 дар гузари Сӯзангарони Самарқанд ба дунё омада, 14-уми октябри соли 1971 дар шаҳри Душанбе, ҶШС Тоҷикистон вафот кардааст.

Студияи миллии Консерваторияи Москваро соли 1947 хатм кардааст. Дуторчӣ ва найнавози дастаи ҳаваскорони санъат, навозандаи оркестр, шогирди дуторнавози тоҷик Муҳиддин Мавлонов буд. Дар солҳои гуногун ба ҳайси дирижёри Театри мусиқии вилояти Самарқанд, дирижёри Театри драмаи мусиқии яҳудиёни Самарқанд, дирижёри Театри давлатии академи драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, дирижёри оркестри халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дирижёри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият кардааст. Дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) дирижёри операҳои «Коваи оҳангар» ва «Шӯриши Восеъ»-и С. А. Баласанян, балети «Ду гул»-и А. С. Ленский, намоиши мусиқии «Лола»-и С. Саидмуродов, инчунин балетҳои «Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский ва «Гули сурх»-и Р. Глиэр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 1950 то 1971 дирижёр, навозанда ва роҳбари оркестри созҳои халқии радиои тоҷик буд. Аз соли 1956 роҳбарии оркестри созҳои халқиро ба уҳда дошт. Дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957) барои оркестр муқаддимаи балети П. И. Чайковский «Кӯли қувон», муқаддимаи операи Ж. Бизе «Кармен», инчунин асари М. И. Глинка «Камаринская»-ро таҳия намуд.

Бо ҷоизаҳои Ордени Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва чандин медалҳо мукофотонида шудааст.

Имрӯзи таърих:

— Соли 1897 физик Вилгелм Рентген «рентген»-ро кашф карда буд. Рентген дар як лабораторияи донишгоҳӣ танҳо таҷриба карда шуда, ғайричашмдошт нурҳои «ҳамаҷоякунанда»-ро кашф кард, ки ҳоло онҳоро дар тамоми ҷаҳон пас аз ӯ «рентген» меноманд.

— Соли 1944 дар ин рӯз дар СССР ордени ҳарбии Ғалаба ва ордени Шуҳрати се дараҷа таъсис дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *