Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Азизов то Рӯзи сарфаи энергия
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Абдулатиф АЗИЗОВ (1957), 65-солагии зодрӯзи олими соҳаи педагогӣ.
Зуҳро ҲАМРОҲБОЕВА (1962), 60-солагии зодрӯзи олими соҳаи биология.
Иван ПРОТОВПОПОВ (1907-1944), 115-солагии зодрӯзи иштирокчи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
Аз таърих:
— 11-уми ноябр дар бисёр кишварҳо Рӯзи ёдбуди онҳое, ки дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ кушта шудаанд, таҷлил мешавад. Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ — яке аз бузургтарин задухӯрдҳои мусаллаҳона дар таърихи башарият аз 28-уми июли соли 1914 то 11-уми ноябри соли 1918 давом кардааст. Дар ин ҷанг тақрибан 10 миллион нафар кушта шуда, тақрибан 22 миллион нафар маҷруҳ шуданд. То он вақт инсоният чунин талафотро надидааст. Дар натиҷаи ин ҷанг чор империя мавҷудияти худро қатъ кард: Русия, Олмон, Австро-Венгрия ва Туркияи Усмонӣ.
— 11-уми ноябр Рӯзи ҷаҳонии харид аст. Аслан, ин рӯзи тахфифҳои калонест, ки барои молҳои гуногун аз ҷониби соҳибони сайтҳои бузургтарини интернетӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамааш дар соли 2009, вақте оғоз шуд, ки сайти интернетии чинии Alibaba Group як нақшаи маркетингиро бо номи «Рӯзи ҷаҳонии харид» анҷом дод, ки дар захираҳои худ фурӯш баргузор кард, ки дар он 50% тахфиф муқаррар гардида буд. Ин тахфиф ба муносибати Рӯзи бакалавр, ки дар Чин низ 11-уми ноябр таҷлил мешавад, баргузор шуд. Соли 2013 рӯзи харид танҳо ба ширкати чинии «Alibaba Group» дар як рӯз 5,8 миллиард доллар даромад овард.
— Имрӯз Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия аст. Ҳадафи аслии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ва ҷомеа ба истифодаи оқилонаи захираҳо ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ