Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Фирӯз Баҳор то мубориза зидди яроқи ядроӣ
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Ғолиб ИСЛОМОВ (1947), 75-солагии зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Фирӯз БАҲОР (1942), 80-солагии зодрӯзи оҳангсоз, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.
Маъруф ОРИФӢ (1907-1978), 115-солагии зодрӯзи доктори илми педагогӣ, профессор.
Аҳад ОЧИЛОВ (1912-1996), 110-солагии зодрӯзи арбоби давлатӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
Абдусалом РАҲИМОВ (1917-1998), 105-солагии зодрӯзи актёр ва коргардони кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Муҳаммад ИҚБОЛ (1887-1936), 145-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккир.
Фирӯз Баҳор — молики эҷодиёти рангин
Фирӯз Ҳоҷиевич Баҳор — оҳангсози касбии тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 19-уми ноябри соли 1942 дар Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи Институти давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои Маскав (1967) ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ (1971) аст. Солҳои 1971-1976 муаллими кафедраи назарияи мусиқии ДДСТ ба номи М. Турсунзода, 1976-1990 котиби Раёсати Иттифоқи кинематографистон Тоҷикистон, 1990-1996 муаллими ДДСТ буд.
Баҳор дар жанрҳои гуногуни мусиқии муосир (балет, симфония, кантата, хор, достонҳои симфонӣ, консерт барои созҳои мусиқӣ, барои спектаклу кинофилмҳо ва ғайра) асарҳо эҷод кардааст.
Эҷодиёти Баҳор рангин буда, дар онҳо таҳлили амиқи ҳодисаҳои зиндагӣ, олами ботинӣ ва руҳии инсон ба назар мерасад.
Эҷодиёт:
Балети «Дувалронии нозанин», симфонияҳои «Бузург» (ба хотираи Ибни Сино), «Достон» (1969), «Мароқанд» (1970) асарҳои беҳтарини Баҳор мебошанд. Достони симфонии «Мароқанд» шуҳрати Баҳорро дар хориҷа афзуд. Асарҳои хурдҳаҷми Баҳор: кантатаҳои «Зери байрақи ту», «Таронаи Октябр», асарҳо барои хор — «Марши озодӣ» (шеъри С. Айнӣ), «Байрақи зафар» (шеъри А. Лоҳутӣ) ва ғайра. Муаллифи зиёда аз 50 суруд, инчунин суруду мусиқии спектакл ва кинофилмҳост. Аз соли 1996 дар шаҳри Берлин зиндагӣ ва фаъолият дорад. Соли 1997 дар шаҳри Берлин нахустин консерт аз рӯйи асарҳои Баҳор доир гардид. Солҳои 1998-2009 дар Берлин, Гамбург, Бремен, Коттбус ва дигар шаҳрҳои Олмон аз рӯйи асарҳои Баҳор 29 консерт дода шуд. Солҳои 2001-2006 раиси Ҷамъияти Олмон — Тоҷикистон буд ва дар тарғиби мусиқии тоҷикӣ дар хориҷа ҳиссаи бузург гузошт. Солҳои 1997-2007 ҳамроҳи мусиқишинос Э. Гейзер дар шаҳри Берлин клуби мусиқии «Флейтаи афсунгар»-ро ташкил кард. Соли 2008 дар фестивали «Кинои тоҷик дар Фаронса» нахустнамоиши филми «Сирҳои оила»-и режиссёр В. Аҳадов бо мусиқии Баҳор баргузор гардид.
Фирӯз Баҳор январи соли 2008 бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд. Моҳи марти 2008 барои комёбиҳои эҷодиаш дар соли 2007 бо Мукофоти Иттифоқи композиторони Русия ба номи Шостакович қадр карда шуд. Апрели соли 2008 дар Конкурси байналмилалии композиторон ба номи С. Прокофев дар шаҳри Санкт-Петербург барои силсилаи 24 сарахбор ва фуга барои фортепиано сазовори ҷоизаи аввал гардид. Асарҳои Баҳор дар бисёр кишварҳои дунё иҷро шудаанд. Дорандаи Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1978) мебошад.
Имрӯзи таърих:
— 9-уми ноябр Рӯзи байналхалқии мубориза зидди яроқи ядроӣ мебошад, ки шиораш чунин аст: «Мо ояндаи бе радиатсияро интихоб мекунем!».
Сӯзишвории истифодашудаи ҳастаӣ аз хатарноктарин партовҳои саноати ҳастаӣ маҳсуб мешавад ва ба ҳаёту саломатии ҳар як нафаре, ки дар наздикии мавзеъҳои партовгоҳҳои он зиндагӣ мекунанд, хатари воқеӣ дорад.
Тарафдорони ҳаракати зидди яроқи ядроӣ аз стансияҳои электрикии атомӣ, ки кори онҳо бехавф нест, дар ташвишанд. Муҳити зистшиносон боварӣ доранд, ки хатари садамаҳои радиатсионӣ ва фалокатҳоро истисно кардан мумкин нест, аммо мақомот низ барои ҳалли ин масъала шитоб намекунанд. Ба фикри мутахассисон, хароҷоти барҳам додани стансияи электрикии атомӣ аз хароҷоти сохтмон 10 баробар зиёд аст ва барои ин ҳанӯз маблағ вуҷуд надорад.
— 9-уми ноябри соли 1989 тахриби девори Берлин — яке аз рамзҳои машҳури Ҷанги сард оғоз ёфт. Девор 13-уми августи соли 1961 сохта шуда буд, ки Олмони демократиро аз Олмони ғарбӣ ҷудо мекард. Девор мебоист шумораи фироркунандагонро аз Олмони демократӣ ба Олмони ғарбӣ кам мекард.
— Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии лизинг аст. Лизинг як ҷузъи муҳими тиҷорати имрӯза мебошад. Дар баъзе минтақаҳо нақши он хеле калон аст ва лизинг як намуди тиҷорат буда, имкон медиҳад, ки намудҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ амалӣ карда шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ