Одинаев

Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи физикдони тоҷик то эмбаргои тиҷоратии зидди Куба                     

Имрӯз шахсони зерин зодрӯз доранд:

Саидмуҳаммад ОДИНАЕВ (1942), 80-солагии зодрӯзи доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академик.

Шермаҳмад ҶОНМАҲМАДОВ (1957), 65-солагии зодрӯзи доктори илми иқтисодӣ, профессор.

Ғулом ҶАББОРОВ (1917-1998), 105-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Нуъмон БОБОЕВ (1917-1984), 105-солагии зодрӯзи олими соҳаи математика, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Миразим ҒИЁСОВ (1937), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи таърих.

Саидмуҳаммад Одинаев физикдони варзида эътироф шудааст

Саидмуҳаммад Одинаев — физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1995), профессор (1996), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1994), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2004) 19-уми октябри соли 1942 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Саидмуҳаммад Одинаев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1965 хатм карда, фаъолияти кориаш дар ҳамин донишгоҳ аз ассистенти кафедраи физикаи назарӣ оғоз шудааст.

Фаъолияти минбаъдаи корӣ:

Солҳои 1968-1988 — ходими калони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Солҳои 1988-1996 — дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 1996-1999 — профессори ҳамин кафедра.

Солҳои 1999-2001 — директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Солҳои 2001-2005 — ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ.

Солҳои 2005-2008 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз соли 2008 то имрӯз профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ. Ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:

Назарияи молекулӣ-кинетикии равандҳои релаксатсионӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ. Муаллифи зиёда аз 170 монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ. Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи назарияи статистикаи ҳолати моеъи моддаҳо буда, роҷеъ ба таҳқиқи сохтори микроскопии муҳити конденсӣ дар байни олимони соҳаи физика эътироф шудааст.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ордени «Шараф» (2004) сарафроз гардидааст.

Имрӯз дар таърих дар Тоҷикистон:

Соли 1929 — дар Душанбе нахустин филми мустанад дар бораи омадани қатора ба навор гирифта шуд.

Соли 1932 — намоиши аввалин филми тоҷикӣ «Вақте амирон мемиранд» (режиссёр А. Печорен) дар шаҳри Москва.

Соли 1939 — нахустин операи тоҷикии «Воқеаи Восеъ» ба саҳна гузошта шуд.

Соли 2007 — баъди азнавсозӣ Осорхонаи дастхатҳои бостонӣ ва ёдгориҳои меъмории Кӯлоб ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2014 — дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе бахшида ба 90-солагии пойтахти ҷумҳурӣ карнавали идона баргузор гардид.

Муҳимтарин воқеаҳои 19-уми октябр:

— 19-уми октябри соли 1943 антибиотики стрептомитсинро олим Зелман Ваксман кашф кард. Кашфиёти ӯ дар тадқиқи актиномитсетҳо ва ҷустуҷӯи истеҳсолкунандагони моддаҳои нави антибиотикҳо дар байни онҳо такони пурзӯр гардид. Ҷустуҷуҳои васеъ бо кашфи чунин антибиотикҳои пурқиммат ба монанди хлоромитсетин (хлорамфеникол), неомитсин, хлортетратсиклин, тетратсиклин ва ғайра оғоз шуданд. Арзиши асосии кашфи стрептомитсин дар он буд, ки он аввалин доруест, ки дар табобати бемории сил таъсири мусбат расонд. Маҳз барои кашфи стрептомитсин ба Ваксман дар соли 1952 ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб дода шуд.

— 66 сол пеш, дар ин рӯз эъломияи муштараки Шӯравӣ ва Ҷопон дар бораи хотима додан ба ҷанг ва барқарор кардани равобити дипломатӣ ба имзо расида буд. Мамлакатҳо тасдиқ карданд, ки дар муносибатҳои худ принсипҳои Қарори Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳидаро ба роҳбарӣ мегиранд ва қавл доданд, ки ба корҳои дохилии якдигар бевосита ва бавосита дахолат накунанд.

— 19-уми октябри соли 1960 муҳосираи иқтисодии Куба оғоз шуд. Ҳукумати ИМА ба савдо бо он эмбарго ҷорӣ намуд, то тамоми амалиёти шартномаҳои фючериро оид ба таъминоти нефт ва содироти қанд хотима диҳад. Барбод рафтани ин созишномаҳои дарозмуддат ба ҳарду ҷониб зарари калон овард. Ҳар як президенти ояндаи ИМА фармонҳо ё қонунҳои худро барои пурзӯр кардани эмбарго илова кардааст.

Оғози либерализатсияи муҳосираи иқтисодии Куба тавассути қонуне, ки соли 2000 аз ҷониби президент Клинтон имзо шуда буд, гузошта шуд, ки ба фурӯши як қатор маҳсулоти кишоварзӣ ба Куба иҷозат дод. Моҳи апрели соли 2009 раисиҷумҳури Амрико Барак Обама фармони иҷроияеро имзо кард, ки баъзе таҳримҳоро каме сабуктар кард.

Дар охири соли 2014 Иёлоти Муттаҳида ва Куба аз оғози кор барои ба эътидол овардани муносибатҳо хабар доданд. Моҳи июли соли 2015 ин кишварҳо равобити дипломатиро барқарор карданд. Баъдан, тарафҳо як қатор созишномаҳои дуҷониба имзо карданд, гарчанде эмбаргои тиҷоратии зидди Куба, ки Конгресси ИМА ҷорӣ кардааст, ҳеҷ гоҳ бекор карда нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *