Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Воҳид Асрорӣ то таъсиси студияи телевизионии Душанбе
Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:
Аҳмад УМАРОВ (1932), 90-солагии зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон.
Воҳид АСРОРӢ (1917-1996), 105-солагии зодрӯзи шоир, адабиётшинос, доктори илми филологӣ, профессор, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Аъло АЪЛОЕВ (1932), 90-солагии зодрӯзи навозанда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Лев КЁРБЕР (1917-2006), 105-солагии зодрӯзи ҳайкалтароши рус, офарандаи муҷассамаи Амир Исмоили Сомонӣ.
Ҳабибулло АБДУРАЗЗОҚОВ (1937-2021), 85-солагии зодрӯзи актёр ва режиссёри кино, Артисти халқии Тоҷикистон.
Меҳрӣ СОДИҚОВА (1947), 75-солагии зодрӯзи олими соҳаи иқтисодӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Гулрафтор ҶОНМАҲМАДОВА (1967), 55-солагии зодрӯзи олими соҳаи педагогика.
Мавлуда РАҲИМОВА (1952), 70-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор.
Гавҳар МИРҶУМАЕВА (1942), 80-солагии зодрӯзи раққоса, балетместр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Корманди хизматнишондодаи фарҳанги ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
Янтобе МАҲМАДҚУЛОВ (1942), 80-солагии зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ.
Фаррух АБДУЛВОСИЕВ (1947), 75-солагии зодрӯзи олими соҳаи кишоварзӣ.
Офтобхон ИСОМОВА (1917-1992), 105-солагии зодрӯзи раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Воҳид Асрорӣ — иштирокчии ҷанг ва донишманди забардаст
Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ — фолклоршинос, адабиётшинос, шоир ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илми филология (1969), профессор (1970), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977), узви ИН Тоҷикистон (1954) ва узви ИЖ Тоҷикистон (1975) мебошад. Хатмкардаи Институти муаллимии Тошканд (1938), ДДОД ба номи Т. Шевченко (ИДПД; 1949) буда, фаъолияти корӣ ва эҷодии ӯ аз соли 1933 ба сифати омӯзгор оғоз гардидааст. Солҳои 1944-50 корманди соҳаи маориф ва матбуот (ҷонишин, сипас муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», 1946-1950).
Пас аз хатми таҳсил дар аспирантура (1952) муаллими калон, дотсенти ДДОД ба номи Т. Шевченко (1952-1957) ва аз соли 1957 то охири умр дар ДДТ ба номи В. И. Ленин дар вазифаҳои дотсент, профессор, декани факултети филологияи тоҷик (1968-1973), мудири кафедраҳои фолклор (1969-1989), адабиёти халқҳои ИҶШС (1989-1996) — факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Асрорӣ зимни тадриси фанни таълимии фолклори тоҷик ба масъалаи омӯзиши фолклор машғул шудааст. Оид ба масъалаҳои назариявии фолклор, таърихи фолклоршиносии тоҷик, навъҳои фолклор асарҳоеро бо номи «Халқ ва адабиёт» (1968), «Адабиёт ва фолклор» (1967), «Фолклор, халқият, нависанда» (1982), «Жанрҳои хурди фолклорӣ» (1990), «Юсуф Вафо» (1957) ва мақолаҳои зиёде таълиф намудааст. Асрорӣ ба масъалаи муносибати адабиёт ва фолклор, истифодаи нависандагон аз фолклор таваҷҷуҳи хоса додааст. Дар ин ҷода симои эҷодии ӯ чун адабиётшинос ҷилва намудааст. Нахустин шеъру ҳикояҳо дар саҳифаҳои матбуот солҳои 1940 ба табъ расидаанд. Вай муаллифи маҷмӯаҳои «Салом мактаб» (1951), «Ҳардуяшон нағз» (1962), «Замзамаи ҳаёт» (1964), «Шарораҳо» (1997) мебошад. Асрорӣ барои мактабҳои миёна («Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 1-ум ва 2-юм, 1950-1984) ва барои мактабҳои олӣ китобҳои дарсӣ таълиф намудааст. Муаллифи китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфҳои 1, 2, 1950-1984), «Забони тоҷикӣ» (1950) буда, асарҳои шоирону нависандагони рус Аркадий Гайдар, Чехов, Маршак, Маяковский, шеърҳои шоирони ӯзбек Мирмуҳсин, Асқад Мухтор, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардонидааст. Дар асарҳои илмии худ масъалаҳои муносибати нависанда ба фолклор, мавқеи бадеию ғоявии эҷодиёти даҳанакии халқ дар адабиёти бадеӣ, маҳорати нависанда дар истифодаи фолклор, халқият ва такомули реализм дар адабиёти шӯравӣ, нависанда ва хазинаи забони халқӣ ва ғайраро тадқиқ намудааст.
Аз таърихи Тоҷикистон:
— Соли 1937 дар шаҳри Душанбе Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский кушода шуд.
— Имрӯз дар кишвар ҳамчун Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад.
— Соли 1959 студияи телевизионии Душанбе ба кор шуруъ кард, ки дар Тоҷикистон падидаи навин буд.
Имрӯзи таърих:
— Имрӯз дар Русия Рӯзи Инқилоби Октябри соли 1917 қайд карда мешавад. То соли 1991 7-уми ноябр иди асосии ИҶШС буд ва Рӯзи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр номида мешуд.
Дар тамоми даврони Шӯравӣ 7-уми ноябр “рӯзи сурхи тақвим”, яъне ҷашни давлатӣ буд, ки на танҳо бо ранги хосе дар рӯзнома, балки бо тазоҳуроти ҳатмии коргарон, ки дар ҳар шаҳр баргузор мешуд, таҷлил мешуд. Таърихи ин ҷашн бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва барҳам задани идеологияи коммунистӣ анҷом ёфт.
Дар Русияи муосир ин ид аввал ба Рӯзи ризоият ва оштӣ табдил дода шуд ва баъдан комилан лағв шуд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ он то имрӯз вуҷуд дорад. Дар Белорус он ҳамчун рӯзи Инқилоби Октябр ҷашн гирифта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ