Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Юсуфшоҳ Яқубшоҳ то таъсиси ЮНЕСКО

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Юсуфшоҳ ЯҚУБШОҲ (1937), 85-солагии зодрӯзи доктори илми таърих, профессор, академик, арбоби илми Тоҷикистон.

София БАДАЛБОЕВА (1947), 75-солагии зодрӯзи сароянда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, арбоби ҳунари ҷумҳурӣ.

Юсуфшоҳ Яқубшоҳ — таърихшиноси мумтоз ва молики китобҳои нодир

Юсуфшоҳ Яқубшоҳ — доктори илми таърих (1988), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991), узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶТ (2017), арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999), академики Академияи илмҳои ҶТ (2017) 16-уми ноябри соли 1937 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи деҳқон Яқубшоҳи Муборакшоҳ ба дунё омадааст. Солҳои 1945-1952 мактаби ҳафтсолаи деҳаи мазкурро хатм намуда, солҳои 1952-1954 таҳсилро дар мактаб-интернати деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯробод (имрӯза Шамсиддини Шоҳин) ва синфи даҳумро дар интернати шаҳраки Кангурти ноҳияи Данғара хатм намудааст. Соли 1955 ба шуъбаи таърихи факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил мешавад. Юсуфшоҳ Яқубшоҳ соли 1960, баъди бомуваффақият хатм намудани донишгоҳ ба шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳо ба кор даъват шуда, ба ҳайси сарлаборант ба пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент фиристонида мешавад. Солҳои 1960-1963 ба ҷуз экспедитсияи Панҷакент дар ковишҳои бостоншиносонии гуруҳҳои Б. А. Литвинский дар Аҷинатеппа, Ҳулбук, гӯристонҳои асри биринҷи Фархор, Вахш, Б. Я. Ставиский Моғиён ва Н. Неъматов Шаҳристон, Уротеппа, Симғори Хуҷанд, Ашт ширкат намуд. Солҳои 1963-1966 аспиранти шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳо буд. Соли 1964 барои мавзӯи номзадӣ ба ковишҳо дар ёдгориҳои Гардани Ҳисори назди деҳаи Мадм ва қалъаи Куми деҳаи Кум буда, машғул мешавад. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои зикршуда ва сарчашмаҳои хаттии суғдӣ, форсию арабӣ рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Паргар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ» навишта, онро 15-уми январи соли 1970 дар Шӯрои Институти Шарқшиносии АИ Россия бомуваффақият дифоъ менамояд. Аз соли 1970 то соли 1986 ходими калони илмии шуъбаи бостоншиносии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ кору фаъолият менамояд. Дар натиҷаи ҳафриётҳои тӯлонӣ, бори нахуст дар таърихи Суғд, умуман Осиёи Марказӣ деҳаҳои хуб боқимондаи асрҳои VI-VIII мелодӣ Гардани Ҳисор ва Кум комилан кофта шуданд ва дар асоси маводи нодири ба даст омада ва боз 118 ёдгории дигари кашфшуда, рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Раннесредневековые сельские поселения Горного Согда” (Деҳаҳои ибтидои асри миёнаи куҳистони Суғд)-ро менависад. Аз солҳои 1986-1989 ба ҳайси ходими пешбари илмӣ дар шуъбаи бостоншиносӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1989 то соли 2011 вазифаи мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои ҶТ-ро ба уҳда дошт. Соли 1991 узви вобастаи Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Соли 2017 узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶТ интихоб шудааст.

Фаъолияти омӯзгории Юсуфшоҳ Яқубшоҳ солҳои 1971-1997-ро дар бар мегирад. Соли 2015 бо даъвати декани факултети таърих, дар кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дубора фаъолияти омӯзгории худро то ба имрӯз идома дода истодааст.

Юсуфшоҳ Яқубшоҳ соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Деҳаҳои ибтидои асрҳои V-VIII мелодӣ Куҳистони Суғд ва масъалаи ташаккули феодализм дар Осиёи Миёна” бомуваффақият ҳимоя мекунад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ монографияи “Тоҷикон” дар мавзӯи этногенез навишта шуд (1994) ва соли 1999 бо таҳрир бо номи “Тоҷикшинос” чоп шуданд. Соли 1996 рисолаи бунёдии “Религия домусульманского Согда” (Дини қадими Суғдҳо)-ро менависад. Соли 2001, ба муносибати ҷашни 3000-солагии тамаддуни “Авесто” китоби “Гоҳномаи Авесто”-ро бо тасвири фариштагони 30 рӯзи моҳ пешкаши хонандагон менамояд. Соли 2000-ум китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик” замони Ориёиҳоро барои мактабҳои маълумоти миёна менависад. Солҳои 1997-1999 сардори экспедитсияи якҷояи Тоҷику Олмон дар бахши омӯхтани конҳои қадими миси Зарафшонро ба уҳда дошт. Ӯ кашшофи деҳаи асри биринҷӣ дар баландии 3200 м ва даҳҳо конҳои истихроҷи мис дар куҳҳои Мушистон мебошад. Соли 1998 дар қалъаи Ҳисораки Мастчоҳ ҳафриёт гузаронида, дар дижи шоҳ як толори мураббаи 10 х 10 м ва маъбади оташро кашфу таҳқиқ намуда, аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин ёдгориро барасӣ кард.

Дар тӯли 56 соли корияш дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 рисола ва зиёда аз 700 мақолаҳои илмӣ дар нашриётҳои мухталиф ба табъ расонидаст. Зиёда аз 20 мақолаи худро дар кишварҳои Фаронса, Дания, Олмон, Англия, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Полша ба чоп расонидааст. Асари “Дини Суғдиён” соли 2006 дар Япония тарҷума шудааст. Соли 1996 узви Ҷамъияти Бостоншиносони Россия интихоб шудааст. Соли 1998 узв-корреспонденти Институти бостоншиносии Олмон интихоб мешавад. Соли 1999 ба унвони «Ходими хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон» сарфароз мегардад. Дар муддати 56 соли фаъолияти кориаш дар Институт зиёда аз 120 ёдгориҳои археологиро кашф намудааст, ки дар миёни онҳо Гардани Ҳисор, Кум дар ноҳияи Айнӣ, Ҳисорак дар Масчоҳ, маъбади оташ дар ёдгории Наврӯзшо, дар ноҳияи Панҷакент, шаҳраки Дарбанд дар ноҳияи Нуробод, Чоргул ва гӯристони сакоиҳои асрҳои IV-III п. м. ва V-VI мелод дар Лахш ва водии Рашт нодир мебошанд.

Бо ташаббуси Юсуфшоҳ Яқубшоҳ 2700-солагии шаҳри Кӯлоб пешниҳод шуда буд. Ба ин муносибат, бо роҳбарии Юсуфшоҳ бошишгоҳи асри санг, давраи неолит, ёдгориҳои асри биринҷи Ғелот, харобаҳои шаҳраки асри VIII-I… то мелод, I-VIII, ХII-ХIХ мелоди шаҳри Кӯлоб кушода, таҳқиқ шуданд.

Муҳаррир, ташкилкунанда ва муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳо дар Энсиклопедияи Кӯлоб мебошад (2006).

Солҳои 2008-2009 дар ёдгории Золи Зарди ноҳияи Фархор ҳафриёт намуда, онро боқимондаи шаҳри пеш аз исломии Андичароғ муайян мекунад.

Соли 2012 асари бунёдии “Давлати Каёниён”-ро пешкаши хонандагон менамояд.

Яке аз кашфиётҳои бузурги профессор Юсуфшоҳ дар соли 2012 харобаи шаҳри Карон дар ноҳияи Дарвози Бадахшон мебошад.

Юсуфшоҳ аз соли 2012 то 2013 сарварии гуруҳи бостоншиносони тоҷикро дар Миси Айнаки Афғонистон бар уҳда дошт. Ӯ иштирокчии бисёр экспедитсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Роҳи Бузурги Абрешим мебошад ва бо медали ЮНЕСКО барои ҳиссагузорӣ дар бахши бостоншиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ сарфароз шудааст. Дар конференсияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ, симпозиумҳо марбут ба илми таърих, дин, бостоншиносии Осиёи Марказӣ, дар Афғонистон, Олмон, Русия, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ширкат ва баромад намудааст.

Яке аз муаллифони нашри навини асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мебошад.

Аз таърихи Тоҷикистон:

— Имрӯз аз бунёди агрегати нахустини НБО-и “Норак” 50 сол сипарӣ мешавад. Сохтмони НБО-и “Норак” ҳанӯз соли 1961 оғоз гардида, 16-уми ноябри соли 1972 агрегати аввали онро ба истифода доданд. НБО-и “Норак” аз 9 агрегат иборат буда, сохтмони он соли 1979 поён ёфт. Сарбанди нерӯгоҳ бо баландии 300 метр аз сатҳи баҳр то соли 2013 баландтарин садди заминӣ ба ҳисоб мерафт. Иқтидори ҳозираи ҳар агрегат 300 мВт буда, баъди барқарорсозии он, ки соли 2019 оғоз шуд, иқтидори ҳар агрегат ба 375 мВт ва иқтидори пурраи он ба 3300 мВт мерасад.

— Имрӯз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин ҷашн аз соли 2016 ҳамасола таҷлил мегардад.

— Соли 2018  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд, ки дар маросими кушодашавии он беш аз 100 хабарнигори хориҷӣ барои инъикоси ин ҳодисаи таърихӣ ҳозир шуданд.

Аз таърихи ҷаҳон:

— Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ таҷлил мешавад. Воситаи самарабахши пешгирӣ кардани таҳаммулнопазирӣ, гуфта мешавад дар декларатсия, тарбия аст, ки он аз таълим додани ҳуқуқу озодиҳои умумии онҳо ба одамон оғоз меёбад.

Эъломияи Принсипҳои таҳаммулпазирӣ эълон мекунад, ки ҳамаи одамон табиатан гуногунанд, вале дар шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробаранд.

— 89 сол муқаддам, дар ҳамин рӯз дар байни СССР ва ИМА муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуда буданд. Муносибатҳои дипломатии байни СССР ва ИМА ҳанӯз соли 1807 муқаррар шуда буданд. Дар асри 19 робитаҳои байни кишварҳо асосан бо масъалаҳои марбут ба Аляска ва дигар моликияти Русия дар Амрикои Шимолӣ маҳдуд буданд.

Баъди Инқилоби Октябри соли 1917 ИМА аз эътирофи Ҳукумати Советӣ даст кашид. Дар солҳои 1918-1920 неруҳои амрикоӣ Артиши Сафедро дастгирӣ карданд.

Дар ибтидои солҳои 30-юм дипломатияи советӣ ба вусъат додан ва танзими муносибатҳо бо дигар давлатҳо нигаронида шуда буд. 16-уми ноябри соли 1933 дар байни ИМА ва СССР муносибатҳои дипломатӣ муқаррар карда шуданд.

— Дар ин рӯзи соли 1945 бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъсис ёфт. Мақсад аз таъсиси он мусоидат намудан ба мустаҳкам шудани сулҳу амонӣ бо роҳи вусъат додани ҳамкории байни халқҳо дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг буд.

Қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ҷойгир буда, айни замон 195 кишвари узв, 2 кишвари нозир ва 10 узви вобаста дорад.

Вазифаи ЮНЕСКО бо сохтани мактабҳо дар кишварҳои ҷангзада ва нашри кашфиётҳои илмӣ маҳдуд нест. Ташкилот дар заминаи маориф, илм, фарҳанг ва коммуникатсия барои ноил шудан ба ҳадафи олӣ саъй мекунад: дар шуури одамон ғояи дифоъ аз сулҳ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *