Саидмурод Мардонов

Тақвими рӯз: Мавлуди ҳунарпеша Саидмурод Мардонов

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Саидмурод МАРДОНОВ (1940), 82-солагии ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Матлуба МИРҶАЛИЛОВА (1953), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи иқтисод.

Ҳабибулло НОЗИРӢ (1958), 65-солагии зодрӯзи шоир.

Умархӯҷа ОРИФХӮҶАЕВ (1938), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.

Аслам РАҶАБ (1958), 65-солагии зодрӯзи шоир.

Маҳмад СУННАТОВ (1938), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи иқтисод.

Тӯрахон ТОШЕВ (1933), 90-солагии зодрӯзи чӯпон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Амонбой ЧУМАНОВ (1943), 80-солагии зодрӯзи нависандаи ӯзбекзабони Тоҷикистон.

Чеҳраи рӯз: Саидмурод Мардонов — ҳунарпешаи нотакрор

Ҳунарпешаи бомаҳорат Саидмурод Мардонов 5-уми январи соли 1940 дар деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна аз соли 1957 то соли 1959 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии маҳаллаи Сардор Қарахонов дониш омӯхта, аз соли 1959 то 1964 дар Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскийи шаҳри Тошканд дар факултети актёрӣ таҳсил кард ва баъди хатми мактаби олӣ дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, ҳозира ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд тайи солҳои 1964-1966 ба ҳайси актёр фаъолият намуд. Аз соли 1966 дар асоси фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият кардааст.

Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х. Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасадхӯр»-и У. Раҷабов) ва филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ».

Саидмурод Мардонов бо ордени «Нишони фахрӣ», унвонҳои «Аълочии коркуни маданияти СССР», «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон», «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *