Тақвими рӯз: Зодрӯзи Фирӯз Баҳор ва 1000-умин голи Пеле
Имрӯз 19 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ҳаводиси хотирмоне сурат гирифтааст. Ҳамчунин, дар ин рӯз ашхоси маъруф зодрӯз доранд.
Аз ҷумла, дар ҳамин рӯзи соли 1938 Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Носирҷон Азизов, соли 1940 олими маъруф Барот Шокиров, соли 1942 – композитор Фирӯз Баҳор, соли 1951 Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон директори театри “Аҳорун” Сабоҳат Қосимова ва соли 1953 – сароянда Фотима Тураева таваллуд шудаанд.
Ҳамчунин, санаи 19 ноябр дар Украина Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ мебошад.
Ҳаводиси дигари хотирмон дар рӯзи 19 ноябр:
-соли 1969 футболбози бразилиягӣ Пеле голи 1000-уми худро зад
— соли 1987 нархи рекордии фурӯши автомобил ба миён омадааст, ки дар музояда автомобили тамғаи «Бугати Роял-1931» («Bugatti Royale-1931») 5,5 миллион доллар нархгузорӣ шуд.
-соли 2011 масъалаи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Федератсияи Русия муҳокима карда шуд.
-соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60 -солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.
-соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар паҳлӯи чапи қасри фарҳанги Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигор дар болои чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
-соли 2017 размоише, ки дар он беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он ширкат карда ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии «Искандар», бумбафканҳо ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда шуданд, дар Тоҷикистон анҷом ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ