Таҳдиди куштор дар ноҳияи Рӯдакӣ
Як ҷавони 25-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ба марди 48-солае таҳдиди куштан кардааст. Дар ин бора ВКД менависад.
Тибқи иттилоъ, ин ҳодиса субҳи 15-уми июн дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки «Даврон» ном шахс бе ягон асос марди 48-солаи сокини ноҳияи Восеъро дашномҳои қабеҳ дода, латукӯб намудааст. Ӯ инчунин ба гардани ҷабродида корд монда, таҳдиди куштан намудааст. Бар асри ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯии фаврӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони таҳдиди куштор ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ