Таҳрими нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Русия ва Белорус
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳдудиятҳои содирот ба Русия ва Белорусро шадидтар кардааст. Дар ин бора Вазорати тиҷорати ИМА хабар додааст.
Маҳдудиятҳо ба 276 маҳсулоти тиҷоратӣ таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, яхдонҳои аз 750 доллар қиммат, мошинҳои зарфшӯйӣ, тарозуҳои электронии аз 100 доллар қиммат, принтерҳои аз 300 доллар қиммат, чангкашакҳои дарунсохти аз 100 доллар қиммат, печҳои микроволновка, қаҳвапазҳои автоматикӣ, тостерҳои барқӣ, смартфонҳои аз 300 доллар қиммат ва таҷҳизоти сабту барқароркунии овоз ба ин рӯйхат дохил мешаванд.
Барои интиқоли молҳои мамнуъшуда ба Русия аз содиркунандаи ИМА ё хориҷӣ иҷозатнома талаб карда мешавад, ки он ҳам дар аксар маврид иҷозат дода намешавад. Бо вуҷуди ин ҳам, истисноҳое вуҷуд доранд.
Ёдовар мешавем, ки ИМА содироти молҳои люксро ба Русия дар нимаи моҳи марти соли 2022 манъ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ