Таҷдиди назар ба маърифати адабӣ
Адабиёт ҳамчун як шакли қавитарини шуури ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ифодагари сатҳи тафаккури миллӣ, маънавиёти миллат ва умуман, худшиносию ҷаҳонбинии миллат буда, хазинаи ҳофизаи таърихист, ки чун шиноснома соҳибонашро ба ҷаҳониён мешиносонад ва тавъам бо он равобити доимиро таъмин менамояд. Ҳадаф аз каломи ҳунарӣ тафаккурсозии миллӣ ва тарбияи инсон аст.
Пажӯҳишгарон – ноқидон қазоватгарони каломи бадеъ ва нозирони қонунияти рушду таҳаввули каломи ҳунарианд, ки асолати санъати эҷод ва пояи эҷодкоронро тавассути қиёсу риҷҳон таъйин мекунанд. Баҳодиҳии қазоватгарон низ ба истеъдоду дониш ва ҷаҳонбинию муҷаррабии эшон вобаста аст.
Аз ин нигоҳ, адабиётшиносии муосири тоҷик аз солҳои 80 — 90-уми асри гузашта ба минбаъд бо зуҳури А. Абдуманнон, Ю. Акбаров, А. Ҳаким, Х. Асозода, А. Кӯчаров, Ш. Раҳмонов, С. Абдуллоҳ, А. Раҳмонзода, М. Раҷабӣ, М. Имомзода, А. Насриддин, А. Абдусатторов, М. Абдуллоҳ, Б. Мақсудов, М. Мирзоюнус, А. Аминов, У. Сафар, Р. Раҳмон, Ш. Солеҳ, Ҷ. Ҳамроев, Ф. Абдуманнон, А. Давронов, А. Худойдод, М. Зайниддинзода, Р. Ваҳҳобзода, М. Нарзиқул, Ҳ. Муродиён, Ш. Сӯфизода, М. Низомов, Б. Шарифзода, Р. Тағоймурод, Ш. Исрофилниё, Н. Нуров, Ҷ. Саидзода, С. Саидов, Р. Худоёрзода ва дигарон шахсиятҳои илмии нави соҳаро истиқбол намуд, ки ҳар кадоме аз эшон дар ин ҷода тозакориҳо доранд.
Чунонки таъкид шуд, яке аз ин шахсиятҳо академик Абдуҷаббори Раҳмонзода аст, ки сӣ сол боз дар пешрафти адабиётшиносии тоҷик ҳиссаи арзанда мегузорад. Чанде пеш китоби нави ӯ таҳти унвони «Ҳаёт, адабиёт, воқеият» (китоби якум) тавассути нашриёти «Эр-граф» ба зевари табъ ороста гардид, ки самараи заҳматҳои чандсолаи муаллиф аст. Масъули бозхонии асар доктори илмҳои филология, профессор Масрури Абдуллоҳзода буда, асар эҳдо ба 90-солагии узви вобастаи АУ Тоҷикистон, устоди зиндаёд С.Ш. Табаров мебошад. Бо манзури сохтор, асар муштамил бар пешгуфтору панҷ қисм буда, дорои бисту як фасл аст, ки ҳар як фасл муҳтавои хос дорад.
Пешгуфтори асар ҷанбаҳои қавии назарӣ дошта, дар он нақши каломи ҳунарии миллӣ ва воқеияти рӯзгору корномаи миллат, зуҳури абарқудрати сиёсии миллӣ ва воқеият касб намудани таманнои фузун аз ҳазорсолаи миллат ва тавъам бо он воридшавии миллат ба марҳалаи нави сарнавиштсози миллӣ – Истиқлолияти сиёсии мамлакат, инчунин симоҳои пурнуфузи асримиёнагии миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ таъкид мешавад, ки метавон онҳоро муҳтавои аҳдофи муҳаққиқ маърифат намуд.
Қисмати якуми асар – таърихи адабиёти асримиёнагиро дар бар гирифта, зимни бахши мазкур ду тан аз симоҳои эҷодии марҳалаи классикии рушд: Ҳаким Абулқосими Ҳасан ибни Исҳоқ ибни Шарафшоҳ Фирдавсии Тӯсӣ, Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмон ибни Аҳмади Даштӣ Ҷомӣ ва аз орифони эҷодкор дар ин марҳала Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин аз адибони соҳибистеъдод ва хушқареҳаи даврони охири инҳитоти феодализм Шамсиддини Шоҳин мавриди ҷиддитарин баҳсҳо қарор дода шудаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Фаразан, ӯ бо далоили қавӣ рисолати таърихии Ҳаким Фирдавсиро дар бадалсозии асотир ба ҳамосаи миллӣ ва ба ин восита дар заминаи таҳқиқи сиёсӣ риҷҳон додани воқеияти таърихӣ шохис месозад, ки таҷдиди назар ба шинохти ҳамосаи миллӣ маърифат карда мешавад.
Муҳаққиқ таърихбахшӣ ба ҳамосаи миллиро бо як байти басо ҷолиби Ҳаким Фирдавсӣ мудаллал сохта менависад: «Фирдавсӣ дар шиносонидани «Шоҳнома» мегӯяд:
Ту инро дурӯғу фасона махон,
Ба яксон равиши замона мадон».
Симои абарқудрати эҷодии дигар, ки дар ин қисмат мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст, Мавлоно Ҷомӣ аст, ки осори адабӣ – ҳунарӣ ва илмию фарҳангии ин шахсияти маъруф то андозае марҳалаи классикии рушдро ҷанбаи ҷамъбастӣ эҳдо мекунад. Аз ин рӯ, муҳаққиқ дар заминаи як ҳукми эҷодии эҷодкор натиҷагирии ҷолиб мекунад: «Бо зуҳури ин симои абарқудрати адабӣ, – менависад А. Раҳмонзода, – марҳалаи классикии рушд ҷанбаи ҷамъбастӣ касб намуда, осори ин мутафаккир серсоҳа, серҷанба ва фарогир буда, худи ӯ ҳатто ишораи манзуме дар беқиёсии ҳунари шоирии хеш кардааст, ки мегӯяд:
Тамоми шоиронро ҷамъ агар созанд дар маҳшар,
Ҳама як сӯ бувад, он Ҷомии ширинсухан як сӯ.
Муҳаққиқ дидорбинии адиби мутафаккирро бо муршиди баркамол – Саъдиддини Қошғарӣ ҷиддитарин марҳала дар умри Мавлоно Ҷомӣ медонад, ки саҳеҳ аст ва ҷараёни ирфоние, ки Ҷомӣ дар он шомил шуда буд, дар таърихи 72 мактаби тафаккурсози асримиёнагӣ пешқадамтарин дониста, нақши онро дар осор ва таълимоти ирфонӣ – адабӣ ва фалсафии мутафаккир то андозае шохис ҳам мекунад, ки нигоҳи тоза аст. Бахусус А. Раҳмонзода роҷеъ ба соҳаи камтадқиқи Мавлоно Ҷомӣ – фаъолияти шарҳнигории мутафаккир ба осори манзуми ирфонӣ – адабӣ – ҳунарӣ бештар таваққуф кардааст, ки ба назари мо, иқдоми ҷолиб аст. Зеро масоили фавқуззикр вобаста ба мафкураи ҳокими аҳди Шӯравии собиқ, ба таври бояду шояд тадқиқ нашуда буд. Воқеан, ин падида тадқиқи тафаккури таҳлилии миллӣ буда, тавъам бо он барои барқарорсозии асолати матн ва тасҳеҳи он бағоят арзишманд аст. Аз тарафи дигар, ғановати таркиби луғавии забони миллӣ низ ҳаст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, А. Раҳманзода ба масоили мазкур таваҷҷуҳи хос намудааст, ки ба назари мо, падида ё худ диди тоза аст.
Фасли навбатии китоби «Ҳаёт, адабиёт, воқеият» оид ба мақоми орифи эҷодкор Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва пояи эҷодии ин мутафаккир дар таърихи ирфон ва адабу фарҳанг ихтисос дода шудааст, ки хеле ҷаззобу ҷолиб аст. Фасли мазкур ҷанбаи қиёсӣ – тадқиқӣ дошта, то андозае мақом ва пояи эҷодии орифи эҷодкор шохис карда мешавад. Дар ин бахш роҷеъ ба маснавии орифонаи мутафаккир – «Ҳафт водӣ» ва рисолаҳои «Чиҳил мақоми сӯфия», «Рисолаи дарвешия», «Дар қоидаи сӯфия», «Истилоҳоти сӯфия», «Муродоти девони Ҳофиз» ва ғайра баҳси басо пурмуҳтаво сурат гирифтааст, ки хеле мувофиқи мақсад аст.
Фасли интиҳоии қисми якум баррасии таълимоти фалсафаи амалии шоири хушқареҳа Шамсиддини Шоҳинро фаро мегирад, ки муҳаққиқ дар ин қисмат, ба назари мо, амиқравиҳои боз ҳам бештару ҷиддитар намудааст.
Қисмати дувуми асари А. Раҳмонзода нисбатан дар қиёс бо ақсоми дигар бузургҳаҷм буда, бо мақолаи «Адабиёт бояд ҳамқадами замон бошад» оғоз мешавад. Воқеан, адабиёт ҳамчун фанни миллӣ оинаи тамомнамои рӯзгори миллат ва корномаи серсоҳаи он аст. Аз тарафи дигар, адабиёт пеш аз ҳама, фанни тафаккурсоз буда, ба рӯҳу равони инсон кор мегирад ва маҳз аз ҳамин сабаб адибон – муҳандисони рӯҳии одамизод маърифат карда мешаванд. Хосса каломи ҳунарӣ дар марҳалаҳои сарнавиштсозу ҳассос басо фаъол гардида, ҷавобгӯи замони таърихӣ бояд бошад. Профессор А. Раҳмонзода инъикоси созандагиҳо, ободкориҳо, бунёдсозиҳои шаҳрҳову ноҳияҳо ва деҳоти мамлакатро дар замони Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин ҷода нақши ҳалкунандаву меҳварӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қиёсан ба таҳқиқ гирифта, бисёр ҷолиб мушоҳида кардааст, ки раванди мазкур дар осори адабии давр ҳанӯз ба таври бояду шояд инъикос наёфтааст. Ба ин маънӣ ӯ менависад: «Гарчанде адибони тоҷик шукӯҳу шаҳомати даврони Истиқлолияти давлатиро дар асарҳои бадеӣ ва публитсистии худ тасвир карда бошанд ҳам, онҳо то ҳол талаботи Роҳбари давлатро қонеъ карда наметавонанд. Чунончи, оид ба мавзӯи созандагию бунёдкорӣ Б. Муртазоев романи «Нақби Истиқлол», Ш. Мӯсо романи «Мардистон», М. Хоҷазод романи «Барқи дили Сангтӯда», Р. Аҳмад қиссаи «Нури Роғун» ва Мираҳмади Амиршоҳ романи «Роғун»-ро таълиф карда бошанд ҳам, дар баъзе аз ин қиссаву романҳо мавзӯи мазкур пурра кушода нагардида, ҳаёти бинокорон, рӯзгори онҳо, мушкилоти сохтмонҳои аср ва нақши Пешвои миллат дар бунёди ин сохтмони аср ҳамаҷониба таҷассум наёфтаанд». Ҳолати мазкур на танҳо хоси осори мансур, балки дар осори манзум низ ҷузъиёти тасвирҳои мушоҳидавӣ матлуб нест ва муҳаққиқ ашъори чанд тан шуаро: Мирзо Файзалӣ, Ҳоҷӣ Мурод, Аҳмадҷон Раҳматзод, Ҳикмат Раҳмат, Озарахшро таъкид мекунад. Зиёда аз ин, муҳаққиқ эҷодиёти даврони Истиқлолияти давлатии адибони тоҷикро бо ҳамкасбони солҳои 60-80-уми асри гузашта қиёс намуда, каломи ҳунарии он солҳоро риҷҳон медиҳад. Зеро шоирон дар он солҳо бунёдкориро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ васф карда тавонистаанд. Ин раванд дар ашъори Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Сайидалӣ Маъмур, Ҳақназар Ғоиб, Ширин Бунёд то ба андозае матлуб баён шудааст. Дар ин бахш муҳаққиқ басо бамаврид тҳкид менамояд, ки бояд симои абарқудрати сиёсии миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати муваффақу созанда ва бунёдкоронаи ин симои сиёсӣ, ки боиси тағйироти бунёдии симои шаҳрҳову ноҳияҳо, вилоёту деҳоти мамлакат ва бахусус пойтахти ҷумҳурӣ гардида, тадриҷан маънавиёти миллат ва ҷомеаро фаро гирифта истодааст, бояд дар сатҳи зарурӣ дар каломи ҳунарии касбии миллӣ, дар осори манзуму мансур инъикос ёбад. Воқеан, ин қазоват басо ҷолиб ва саривақтист.
Фасли навбатӣ «Назаре ба шеър ва андешаи устод Аскар Ҳаким» унвонгузорӣ гардида, муҳаққиқ дар ин фасл роҷеъ ба «Маҷмӯаи осор»-и шоир ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик А. Ҳаким хеле ҷолибу ҷаззоб баҳс ба миён овардааст. А. Раҳмонзода вобаста ба таркиби маҷмӯа оид ба каломи ҳунарии А. Ҳаким ва пояи шоирии ин симои эҷодӣ ва инчунин ба масоили каломи бадеъ аз назари адиб ва донишманди мазкур баҳсҳои ҷолиб намуда, оид ба ҷузъиёти ҳунарию пояи эҷодии ӯ мушоҳидаҳои қобили таваҷҷуҳ менамояд. Аз тарафи дигар, каломи ҳунарӣ ва шинохти асолати санъати эҷод аз назари А. Ҳаким, офаридаҳои ин адабиётшиносро ҳаматарафа таҳлил мекунад, ки хеле ҷолиб аст. Инчунин як соҳаи тозаи фаъолияти адабии А. Ҳаким – симои ин шахсият ҳамчун мутарҷим дар фасли мазкури рисолаи А. Раҳмонзода мавриди баҳс қарор гирифтааст, ки ҷиддитарин иқдом аст.
Дигар аз фаслҳои навбатии таркиби қисмати дуюм – «Таҳаввули жанрҳои адабӣ дар насри муосири тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» ном дошта, дар ин фасл доир ба таҳаввулоти каломи ҳунарии мансур ва анвои он дар замони ворастагии сиёсии мамлакат баҳсҳо қобили сурат шудаанд, ки хеле ҷолиб мебошанд. Дар каломи мансури ҳунарии даврони ворастагӣ адибон: Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Шодон Ҳаниф, Абулҳамид Самадов, Кароматуллоҳ Мирзоев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бароталӣ Абдурраҳмонов, Ҷонибек Акобиров, Равшани Ёрмуҳаммад, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Қодири Рустам, Ато Ҳамдам, Муҳиб Қурбон, Аброри Зоҳир, Садриддини Ҳасанзод, Сипеҳри Ҳасанзод ва дигарон саҳм гузошта, онҳо дар жанрҳои гуногуни насри ин давра асарҳо таълиф намудаанд.
Муҳаққиқ қонунияти шаклӣ ва дарунмоягии каломи мансури ҳунарӣ ва анвои онро дар аҳди ворастагии сиёсӣ, зуҳури марҳалаи комилан нави таърихи миллат ва фоқидшавии фишорҳои мафкуравии аҳди Шӯравии собиқро борикбинона ба тадқиқ гирифтааст, ки метавон онро таҷдиди назар ба таҳаввулоти каломи мансури ҳунарӣ ва зуҳури мароҳили нави таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ, таърихӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва адабии миллӣ унвон кард.
Дар мақолаи «Рӯ ба дарки маънавиёти инсон» А. Раҳмонзода таҳаввулоти маънавиёти ҷомеаи миллӣ ва мароҳили таърихиро басо ҳассосона ва хеле мӯшикофона ба таҳқиқ гирифтааст. Чунин таҳаввулоти фикрӣ дар симои Бобои Назар ва фарзанди ӯ хеле ҷолиб қиёс карда мешавад, ки хонандаро ба андеша кардан водор месозад ва онро Муҳаммад Ғоиб дар қиссаи «Фарёди солҳо» ба тасвир овардааст. «Муҳаммад Ғоиб аз ҳама бештар, – менависад А. Раҳмонзода – гилаи бобои Назарро нисбат ба рафтори фарзанд, бемеҳр шудани ӯ ва кам гардидани эътиқодаш ба арзишҳоро дар замони муколамаи онҳо басо ҷолиб мекушояд». Воқеан, чунин лаҳзаҳои равонковона дар қиссаи мазкур аз иртифои ҷаҳонбинии эҷодкор маншаъ мегирад.
Дар фасли навбатии дигари боби мазкур, ки «Нақши доираи адабии Ҳисор дар рушди адабиёти тоҷики садаи ХХ ва аввали садаи ХХI» унвонгузорӣ шудааст, нақши каломи ҳунарии миллӣ дар музофоти мамлакат ва тадриҷан ба шоҳсутунҳои адабиёти миллӣ бадалшавии намояндагони ин доираҳо ба таҳлил гирифта шудааст.
Дар марҳалаи нави сиёсии ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ – суннатҳои адабии устувори доираи адабии мазкурро сарварӣ намудани адиби соҳибистеъдоду сермутолиа Султонмуроди Одина ва тозакориҳои ин шахсияти эҷодӣ дар марҳалаи ҷадиди таърихӣ таъкид шудааст, ки аз мушоҳидаҳои нозуки муҳаққиқ аст.
Дар фасли «Заминаҳои қувват гирифтани масъалаҳои худшиносӣ дар тафаккури бадеию эстетикии С. Айнӣ дар ибтидои садаи ХХ» бошад, муҳаққиқ худшиносии симои абарқудрати эҷодии миллӣ ва мақоми ӯ дар сарнавишти миллат ва бархӯрди он бо ҳассостарин лаҳазоти таърих тадқиқ шудааст, ки ҷанбаҳои басо қавии назариявӣ дорад. Муҳаққиқ хосса равияҳо ва ҷараёнҳои фикрии оғозини садаи бистро, ки аз хориҷ ба мамлакати Бухоро таъсиргузорӣ мекарданд ва аксуламали намояндагони миллат алоғарми онҳоро хеле нозук мушоҳида намуда, дар ин миён зуҳури абарқудрати эҷодӣ, илмӣ ва фарҳангиро дар симои устод Садриддин Айнӣ ва ҷонибдорони ӯ таъкид мекунад, ки комилан мушоҳидаҳои ҷолиб ва нигоҳи тоза аст. Зеро ин симои абарқудрати эҷодӣ дар заминаи суннатҳои устувори адабии миллӣ ба воя расидани хешро қоил шудааст. Устод Айнӣ дар камолоти фикрии хеш нақш доштани «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Восифӣ, «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро борҳо хотирнишон кардааст. Ин аст, ки устод Айнӣ дар ибтидо дар ҳамин замина китобҳои таълимӣ – методӣ навишта, ба насли нави миллӣ пешкаш месозад, то ин ки аз фишорҳои мафкуравӣ раҳоӣ ёбанд.
Аз ин рӯ, ҷиддитарин рисолати таърихии баҷоовардаи устод Айнӣ, бедор намудани худшиносии миллӣ буд, ки маҳз ба ин восита миллат аз парокандагӣ эмин монд. Аз тарафи дигар, устод Айнӣ тавассути адабиёти оламгири миллӣ худи миллатро бо гузаштааш ва ҷаҳониёнро бо миллат шиносонид ва ин аз шоҳкориҳои фарзанди фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ буд.
Фасли интиҳоии боби мазкур – «Бозтоби ҷаҳони ботинии инсон дар ашъори Искандари Хатлонӣ» ном дошта, муҳаққиқ дар ин бахш намунаҳои беҳтарини ашъори иттиҳодсозу худшиносии миллиро дармеёбад, ки мушоҳидаҳои басо ҷолиб ва диди тозаи шинохти каломи ҳунарӣ маърифат мешавад.
Қисми сеюми асари А. Раҳмонзода «Адабиётшиносӣ ва адабиётшиносон» унвонгузорӣ гардида, дар ин қисмат муҳаққиқ доир ба фаъолияти илмӣ-адабиётшиносии донишмандон Соҳиб Табаров, Худоӣ Шарифзода, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, таҳаввулоти фикрии онҳо ва саҳми эшон дар рушди нақди адабии миллӣ ва дарёфти тозакориҳои адибони тоҷик дар каломи ҳунарӣ дар солҳои гуногун ҷиддитарин баҳсҳо сомон додааст, ки шоистаи тамҷид аст. Аз тарафи дигар, А. Раҳмонзода дар ин фасл нақши нақд ва мақоми ноқидони миллӣ дар таҳаввулоти каломи манзуму мансурро басо дақиқназарона ба тадқиқ гирифтааст, ки ҷиддитарин иқдом дар таърихи соҳа маърифат мешавад.
Дар асари А. Раҳмонзода на танҳо осори адибони касбӣ ва каломи ҳунарии ҳирфаӣ тадқиқу баррасӣ шудааст, инчунин муҳаққиқ доир ба фарҳанги шифоҳии миллӣ низ баҳс ба миён овардааст, ки басо арзишманд ва пурмоя аст. Оид ба масоили мухталифи фарҳанги шифоҳии мардумӣ муҳаққиқ қисми чаҳоруми асари хешро таҳти унвони «Мулоҳизаҳо оид ба осори шифоҳӣ» ихтисос додааст ва қисмати мазкур ду таълифоти муҳаққиқро фаро гирифтааст. Яке аз ин таълифот «Суруду офаридаҳои мардумӣ ганҷинаи бебаҳои халқанд» унвонгузорӣ гардида, дигаре «Донишномаи фолклор – сарвати бебаҳои халқи тоҷик» ном дорад.
Дар бахши аввали қисмати мазкур ғазавоти араб ва муқовимати мардуми Хатлон алорағми онҳо мавриди таҳлил қарор дода шудааст, ки дар он аз корномаи мардумони ин қаламрав ва ҷасорату мардонагии онҳо баҳсҳо ба миён оварда мешавад. Зиёда аз ин, дар он шароит побарҷо будану аз байн нарафтан ва пойдории фарҳанги шифоҳии миллӣ, ки ҳатто пирӯзии мардум бар қувваҳои Асад ибни Абдуллоҳ ва оҳанги ҳиҷо доштани пораҳои шеърӣ ва ба забони мардум – ба лаҳҷаи маҳаллӣ эҷод шудани он ашъор ва маҳфуз мондани онҳо намунаҳо ёдрас карда мешаванд, ки басо ҷолибанд. Инчунин ҷасорати мардумон, ки минбаъд ҳатто дар каломи ҳунарии ҳирфаӣ, аз ҷониби адибони касбӣ ситоиш шудаанд.
Чунин корномаҳои мардумони хиттаи Хатлон дар даврони баъдӣ низ мавриди таҳлил карор дода шудааст, ки арзиши тарбиявӣ доранд. Зеро дар онҳо муборизаи омма алорағми зулму золимӣ, дифои адолату мусовоти мардум ва истисмору бедодгариҳо ба тасвир омадааст. Намунаи чунин осори шифоҳии мардумӣ ашъори ба қаҳрамони халқӣ – Восеъ бахшидаи мардум аст. Чунончи:
Восеъ бар асп савор шид,
Барои ҷанг тайёр шид.
Ба халқо ӯ сардор шид,
Халқ аз думбуш қатор шид.
Дар асари А. Раҳмонзода оид ба саъю талошҳои донишмандон: Лутфуллоҳи Бузургзода, Раҷабалӣ Ҷалилов, Александр Болдиров, Носирҷон Маъсумӣ, Раҷаб Амонов, Асадуллоҳи Сӯфизода, Баҳром Шермуҳаммадов ва дигарон, ки дар гирдоварӣ ва пажӯҳиши фарҳанги шифоҳии минтақаи мазкур саҳм гузоштаанд, баҳсҳои судманду ҷолиб сурат гирифтаанд, ки шоистаи тамҷид аст.
Ба ҳамин тариқ, дар асар оид ба як силсила таронаву сурудҳои халқии минтақаи Кӯлоб ва ҳолати иҷрои онҳо баҳсҳои пурмуҳтаво сомон дода шудаанд, ки аз ғановати фарҳанги шифоҳии минтақаи мазкур гувоҳӣ медиҳанд ва тавъам ба он далели қотеъ роҷеъ ба ғановати таркиби луғавӣ ва коргирии мардум аз мақолу зарбулмасалҳо, таркибу ибораҳои мардумии қаламрави Кӯлоб маърифат мешавад. Хосса аз ҷаззобияти фолклори маросимии сарзамини мазкури мамлакат башорат медиҳад, ки то кадомин поя мардуми қаламрав дорои ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти баланд аст.
Ҳамчунин дар фасли интиҳоии қисми ҷаҳорум оид ба мактаби адабии фолклорӣ ва саҳми фолклоршиносон – мутахассисони маъруфи соҳа: Раҷаб Амонов, Воҳид Асрорӣ, Баҳром Шермуҳаммадов, Бозор Тилавов, Асадуллоҳи Сӯфизода, Файзалӣ Муродов, Рӯзӣ Аҳмадов, Додоҷон Обидов, Саъдӣ Маҳдиев ёдрас карда мешавад, ки қадршиносии мутахассисон ва шинохти заҳмати эшон аст. Аз тарафи дигар, насли дигари ҳамин мактаби фолклоршиносон, ки ғолибан дар марҳалаи тозаи таърихӣ-сиёсӣ, дар замони Истиқлолияти давлатии мамлакат фаъолият кардаанд, идомаи суннатҳои мактаби мардумшиносӣ ва эҳёи он дониста мешавад, ки дар ин ҷода мутахассисони соҳа: Равшан Раҳмонӣ, Шодигул Умарова, Шарофат Мирзоева, Дилшод Раҳимов ва дигарон саҳми арзандаву сазовор доранд.
Қисми панҷум ва интиҳоии асари А. Раҳмонзода ба равобити адабӣ ихтисос дода шудааст, зеро ин падидаи адабӣ ҷанбаи қавии васлгарӣ дорад. Бахши нахустини қисмати мазкур эҳдо ба пайвандҳои куҳантаърихи ду миллати ҳамҷивор – тоҷикон ва ӯзбекон буда, муҳақкиқ қавитарин марҳалаи онро дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, дар асрҳои миёна медонад, ки комилан саҳеҳ аст. «Ин ду мутафаккир, – менависад А. Раҳмонзода, – дар таҳкими робитаҳои адабӣ нақши арзишманд гузошта, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро дар сатҳи комилан нав бардоштанд ва ба осори гаронбаҳои худ хазинаи адабиёти ин халқҳоро бою ғанӣ гардонидаанд». Воқеан, онҳо кулли масоили пешомадаро бо машварату маслиҳати ҳамдигар ҳал мекарданд ва хосса масоили каломи ҳунариро, ки боиси иртифои маънавиёти тарафайн буд. Ба ин маънӣ Мир Алишери Навоӣ дар бораи фазилат ва маънавиёти устоди худ – Мавлоно Ҷомӣ дар байти зерини қасидаи хеш мегӯяд:
Оҷиз аз теъдоди эҳсони камоли ӯст ақл,
Анҷуми гардун шумурдан кай тариқи аъвар аст.
Мавлоно Ҷомӣ низ қасидаи «Луҷату-л-асрор»-ро, ки дар пайравии «Дарёи аброр»-и Амир Хусрави Деҳлавист, аз шогирди бовафои худ – Мир Алишери Навоӣ дар он зикри ҷамил мекунад.
Аз қазовати муҳаққиқ бармеояд, ки дӯстии ду симо – дӯстии ду миллат ва равобити оламгири ду адабиёт, созгории ду тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинист, ки решаҳо дар умқи таърихи ин халқҳо дорад. Муҳаққиқ тавсиа пайдо кардани равобити адабии ин ду миллатро дар асрҳои миёна ва дар аҳди Шӯравию замони Истиқлолияти сиёсии ин мамолик хосса ёдовар шудааст, ки хеле ҷолиб аст.
Фасли сонии қисмати мазкур «Гулқанди хаёл дар ашъори Абдулғафури Орзу» унвонгузорӣ гардида, дар ин қисмат адабиётшинос лирикаи ишқии А. Орзуро ба пояи шоирии ӯ, асолати ҳунарии эҷодкор мавриди таҳлил қарор додааст, ки басо уҳдабароёна ва устодона аст. Муҳаққиқ хосса ғазалҳои «Замзамаи сабзи хаёл», «Нашъагоҳи ғазал», «Нигоҳи сабр», «Мавҷи ғазал»-ро аз нигоҳи ҳунари эҷод бо назар ба ҷузъиёти ҳарири лирикаи ишқӣ ва коргирӣ аз авотифу назокатҳои резакории шоирона санъати эҷодкорро риҷҳон медиҳад, ки комилан саҳеҳ аст. Албатта, ин ҳам мусаллам аст, ки А. Орзу ҳам шеъри озод ва ҳам шеъри суннатӣ мегӯяд, ки муҳаққиқ дар ҳар ду навъи каломи ҳунарӣ бо асноду далоили қотеъ хушқареҳа будани шоирро шохис кардааст.
Фасли интиҳоии асари А. Раҳмонзода таҳти унвони «Тасвиргари олами ишқ ва ҳамрози ошиқони ҷонгудоз» буда, дар ин қисмат муҳаққиқ нақши Низомиддин Мир Алишери Навоӣ ва равобити адабии шогирд бо устодаш – Мавлоно Ҷомиро тақвия дода, тозакориҳо ва кашфиёти адабии Навоиро дар таърихи адабиёти ӯзбек мушаххас кардааст, ки басо ҷолиб ва шоистаи таҳсин аст. Муҳаққиқ ақоиди хешро бо як қазовати сирф илмии устод Айнӣ асоснок намудааст, ки он чунин аст: «Садриддин Айнӣ дар рисолаи «Алишер Навоӣ» навиштааст: «Навои бо «Хамса»-и худ хост дар забони ӯзбекӣ асаре ба вуҷуд оварад, ки ба «Хамса»-и ҳам Низомӣ ва Хусрав ҷавоб дода тавонад… Вай гузаштагон – Низомӣ ва Хусравро аз ҷиҳати шакл, вазн ва баъзан аз ҷиҳати номи достонҳо тақлид карда бошад ҳам, аз ҷиҳати сужет ва мазмуни иҷтимоии достонҳо тамоман як чизи дигар навишт. Яъне «Хамса»-и Навоӣ тарҷума ё ин ки тақлиди «Хамса»-ҳои Ҷомӣ, Низомӣ, Хусрав набуда, тамоман эҷоди нав аст».
Ин аст, ки Навоӣ дар ин адабиёт ҳамчун бунёдгузори силсиладостонҳои хамса пазируфта шудааст. Муҳаққиқ оид ба тарҷумаи осори Навоӣ дар кишвари мо низ баҳси ҷолибе сомон додааст, ки басо судманд мебошад.
Умуман, китоби А. Раҳмонзода дар маҷмӯъ, нигоҳи тоза ба шинохти каломи ҳунарӣ ва таҳаввули адабиётшиносӣ дар марҳалаи нави таърихӣ маърифат мешавад, ки дар он ҳам оид ба паҳлуҳои гуногуни адабиёти асримиёнагии миллӣ ва ҳам муосир ва инчунин равобити адабӣ баҳсҳои басо ҷолибу судманд сурат гирифтаанд, ки маърифатомӯз мебошанд.
А. МАҲМАДАМИНОВ,
М. СОЛЕҲОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ