Машраб

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар Хатлон

Дар шаҳри Бохтар Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд. Дар ин рӯз утоқи муосири сабти барномаҳои ТВ Хатлон ифтитоҳ гардид.

Дар аввал Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба гузариши барномаҳои телевизиони «Хатлон» ба формати пахши дақиқияташ баланд (HD) ширкат варзида, ба фаъолияти Идораи телевизион ва радиои вилоят шинос шуд. Ҳамчунин ӯ аз намоиши матбуоти даврии вилояти Хатлон дидан кард.

Давлаталӣ Саид аҳли қалами вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табри карда, таъкид кард, ки дар замони муосир нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст.

«Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки матбуоти даврии вилояти Хатлон аз ибтидои фаъолияташ то имрӯз рисолати бузурги иттилоърасонӣ, мафкурасозӣ ва воқеанигориашро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан иҷро намудааст. Бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот айни замон дар фазои иттилоотии вилояти Хатлон шабакаи тлелевизионии вилоятии “ТВ ”Хатлон”, “ТВ Кӯлоб”, телевизионҳои маҳаллии шаҳри “ТВ Бохтар”, “Мавҷи озод”-и ноҳияи Восеъ ва “Радиои Хатлон” рӯи мавҷ баромада, беш аз 50 нашрияи даврӣ (49 рӯзнома, 5 маҷалла) пахшу нашр мегарданд», -изҳор дошт ӯ.

Давлаталӣ Саид гуфт, ки таҳлили раванди фаъолияти ВАО дар вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки онҳо дар шароити муосири муборизаҳои иттилоотӣ ҳамчун сипари боэътимоди таъмини амнияти иттилоотии кишвар баромад намуда, баҳри тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии вилоят талош намуда истодаанд.

Барномаҳои таҳлилию танқидие, ки аз ҷониби рӯзноманигорони телевизиону радио пахш карда мешаванд, баҳри бартараф намудани камбудиҳо мусоидат намуда истодаанд,-афзуд вай.​ Дар охир озмуни вилоятии «Неруи сухан» аз руи даҳ наминатсия ҷамъбаст гардид.

Ҳамчунин, дар ин рӯз номояндагони ВАО ва собиқадорони соҳа бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдони шуданд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *