Табиб-блогер соҳиби хона ва шомили донишгоҳ шуд (видео)

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо табибони кишвар аз табиб-блогер Муҳаммадҷон Ҳусейнов тавсиф карда, ӯро намунаи иборат хонд.

Ин табиб аввали моҳи май дар як муроҷиатномаи видеоияш аз табибоне, ки дар ин рӯзҳои сахт мардумро партофтанд, бошиддат интиқод карда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки видеои ин табиб ӯро сахт ба риққат овард ва ӯ махсус хост, ки ин табибро ҳатман ба ин мулоқот даъват кунанд ва ба мукофоти давлатӣ пешбарӣ кунанд.

Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар суҳбати рӯ ба рӯ бо Президент қисса кард, ки падарашро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ куштанд ва бори зиндагӣ бар зиммаи ӯ гузашт. Барои ҳамин, баъди хатми коллеҷи тиббии Душанбе ӯ натавонист таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон идома диҳад. Ӯ иброз дошт, ки ба Русия рафта, се сол мардикорӣ кард ва як хонаи нимплана (барачний дом) харид, то модару бародарашро назди худ биорад. Ҳоло Муҳаммадҷон 31 сол дошта, 7 сол таҷрибаи кор ва зану як фарзанд доштааст.

Баъдан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъулин дастур дод, ки ин табиби ҷавонро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил кунанд. Инчунин, барояш ҷойи кори мувофиқ биёбанд, то ин ки оилаашро хӯронда тавонад. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ба ин табиби блогер, ки дар рӯзҳои сахт аз худ ҳисси баланди номус ва садоқат ба касбаш нишон дод, як хонаи дуҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. «Ин хел ватандӯстон бо як жести худ ҳазорон нафарро аз паси худ мебаранд. Яъне, ҳазорон нафарро ба номус меоранд”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар тавсифи ин табиб.
Ёдрас мешавем, ки Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар бемористони “Истиқлол” ба ҳайси табиб фаъолият дошта, зодаи ноҳияи Восеъ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *