Табиби беморхонаи “Истиқлол”-ро кӣ кушт?
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба марги табиби беморхонаи “Истиқлол” Акрамов Муҳаммадалӣ Саидалиевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Марҳум дар натиҷаи ҷанҷол бо кондуктор ба ҳалокат мерасад.
Маҳмадалӣ Акрамовро рӯзи 27-уми май дар қабристони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ 58 сол дошт ва дар натиҷаи як муноқишаи ночиз вафот кард. Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ гузаштааст.
Аз нақли шоҳидон бармеояд, ки рӯзи 19-уми май байни Муҳаммадалӣ Акрамов ва кондуктори мусофирбар низоъ сар мезанад. Вақте кондуктор ва ронанда ба як мӯйсафед муносибати сард ва беҳурматӣ зоҳир мекунанд, табиб ба ҳимояи мӯйсафед бармехезад. Ронанда ва кондуктор бо табиб муноқиша мекунанд. Чун ҷанҷолашон дар беруни мошин идома меёбад, кондуктор М. Акрамовро бо мушт мезанад. Марҳум тавозунро гум карда меафтад ва сараш ба замин сахт бармехӯрад. Ин боиси марги табиб мешавад. Муҳаммадалӣ Акрамов рӯзи 27-уми май дар бемористон, ба ҳуш наомада, ҷон дод.
Маркази матбуоти ВКД ба pressa.tj хабар дод, ки ҳанӯз тафтишот аз болои ин ҳодиса идома дорад. “Аз сабаби он, ки кондуктор ноболиғ аст, то поёни тафтишот дар озодӣ, вале зери назорат хоҳад буд”,- хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД. Нисбати ин ноболиғ дар асоси моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ