Тақвими рӯз: Таъини Озода Раҳмон ба вазифаи Роҳбари Дастгоҳ

Раҳмон Озода Эмомалӣ  3 январи соли 1978 таваллуд шудааст.

Солҳои 2005—2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.

Солҳои 2007—2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои ҳамчун 2009—2014 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014—2015 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–80-солагии зодрӯзи Евгения Зелнеер (1940), олимаи соҳаи иқтисод.

–90-солагии зодрӯзи Равил Жарков (1930), олими соҳаи кишоварзӣ.

–80-солагии зодрӯзи Пётр Лучинский (1940), арбоби ҳизбӣ (1986-1989 Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).

–70-солагии зодрӯзи Ғаффоралӣ Сафар (1950), адиб.

–80-солагии зодрӯзи Сорбон (1940), Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *