Хисороти обхезӣ дар Кӯлоб

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин ба мавзеъҳои аз офати табиӣ  зарардидаи Кӯлоб омаданд.  

Тавре ки маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, нимаи дуюми рӯзи 11-уми май дар навоҳии минтақаи Кӯлоб бориши шадид ба вуқӯъ пайваст, ки селу обхезиро аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб ба вуҷуд овард. Дар натиҷа маҷрои оби сою ҷӯйборҳо баланд шуда, соҳилҳоро рахна намуд.

Дар пайи ин ҳодиса, бино бар маълумоти пешакӣ, се нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расиданд. Аз лаҳзаи ба вуқӯъ пайвастани офати табиӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ ва кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои наҷот додани сокинон ва ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани онҳо фаъолият намуданд.

Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон субҳи 12 май, комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб омаданд. Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар ҳамроҳонаш аз мавзеъҳои бар асари сел зарардида дидан намуда, бо сокинон суҳбат карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бар асари сел дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр дар назди муассисаи таълимии рақами 53, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтаанд.

Офати табиӣ бештар ба сокинони маҳаллаҳои Хати роҳу Корвонгузар, Ҷумъа Алӣ, Нонвойи поён, Куҳнашаҳр ва сокинони кӯчаи Даминзода хисороти калон расонидааст. Инчунин, зеристгоҳҳо ва чанд адад трансформатор, хатҳои интиқоли барқ ва сутунпояҳо валангор гардидаанд. Дар қисмати ҷанубии шаҳр стансияи насоси ба номи Назаров, ки беш аз 5 ҳазор аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд, зери обу лой монда, насосу муҳаррикҳояш корношоям гардиданд. Иншооти обу ташноби шаҳр низ бар асари сел зарар дидааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вазорату идораҳо ва шахсони масъул барои расонидани кумаки аввалия ба зарардидагон, ташкили хаймаҳои муваққатӣ, таъминот бо сару либос ва маводи ғизоӣ дастур дод. Инчунин, супориш дода шуд, ки комиссияи ҳукуматӣ иборат аз мутахассисон ташкил карда шуда, дар муҳлати кутоҳтарин зарари офати табиӣ муайян карда шавад.

Нимаи дуюми рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои шиносоӣ бо вазъи мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сафар менамоянд. Бино бар иттилои пешакӣ, дар ин ноҳия низ бар асари сел се нафар сокинони ноҳия ҷон бохтанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 11 май бо дастури  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *