Тафсилоти ду садамаи марговари нақлиётӣ дар Хуҷанду Муъминобод
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар портали расмиаш аз ду садамаи маргбор дар ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
3-юми апрел ронандаи автоммабили тамғаи «Опел-Зафира» Ғоибов Ҷаъфар ҳангоми ҳаракат дар хиёбони И. Сомонии шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи монинаш набаромада, пиёдагард Ҳакимова Санавбаройро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ҳакимова С. ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба ҳамин монанд, 4-уми апрел дар шоҳроҳи Муъминобод-Кӯлоб автомобили тамғаи “Опел-Зефира”, ронандааш Бозоров Ҷалолиддин, ногаҳон ба қисми қафои автомобили тамғаи “Опел-Астра”, ронандааш Шарофов Хоркаш, бармехӯрад. Дар натиҷа мусофири автомобили “Опел-Зефира”, сокини ноҳияи Муъминобод Саидзода Юнуси 1-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ