Тафсилоти фурӯравии мактабе дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Бинои муассисаи таълимии рақами 31 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки рӯзи 11-уми феврали соли 2022 фурӯ рафт, ҳанӯз соли 1957 сохта шудааст. Ин бино чанд сол боз садамавӣ буд.

Ҳасан Табаров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз дар нишасти матбуотии раиси ноҳия гуфт, ки муассисаи таълимии рақами 31 аз се бино иборат аст. “Биное, ки фурӯ рафт, аз шаш синфхона ва як утоқи кории роҳбари муассиса иборат буд. Дар ин синфхонаҳо 258 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шуда буданд”,- афзуд вай. Ӯ мегӯяд, ки дар вақти басти дуввуми дарс, соати 16 бинои муассиса фурӯ рафтааст.

Ин муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ваҳтади ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷойгир буда, дар вақти фурӯравии бинои муассиса хонандагони синфҳои шаш ва ҳафт дарс меомӯхтанд. Дар пайи ҳодиса касе аз омӯзгорону хонандагон зарар надидаанд.

— Вақте ки аз боми бино хок мерезад ва деворҳо ҷо-ҷо тарқиш пайдо мекунанд, роҳбари муассиса дарҳол омӯзгоронро мегӯяд, ки хонандагонро ба берун бароранд. Хушбахтона, ба касе осеб нарасидааст,- зикр гардид дар нишаст.

Феълан дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бинои даҳ муассисаи таълимӣ садамавӣ будааст.

Тибқи иттилои ба мо дастрас, ҳоло як гуруҳи кории кадом созмони хориҷӣ ба ноҳия омадаву барои дидан кардан аз муассисаи таълимии фурӯрафта ба ин мактаб рафтаанд. Эҳтимол аст, ки дар сохтмони як бинои дуошёнаву муосир маблағгузорӣ сурат гирад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *