Тафсилоти марги фоҷеавии хонандагони мактаб дар Суғд (аудио)
Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар суҳбат бо Pressa.tj тафсилоти як ҳодисаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Айниро шарҳ дод. Бино ба гуфтаи ӯ, ҳодиса рӯзи 21-уми май, соати 7:30-и субҳ рух додааст.
Ошпази 33-солаи ошхонаи “Сихкабоби Хуҷандӣ” ба ШВКД-и ноҳияи Айнӣ муроҷиат мекунад, ки мошини ӯ — тамғаи “Опел астра” бе иҷозаташ бурда шудааст.
Баъдан, маълум мешавад, ки мошинро пешхизмати ҳамин ошхона Қурбоналӣ Офоқов бурдааст. Ӯ ду нафар ноболиғро низ бо худ мегирад. Қурбоналӣ эҳтимол аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, худро аз дари мошин мепартояд. Дар натиҷа мошин бо ду ноболиғ аз баландии 40 метр дар километри 118-уми деҳаи Пете ба Фондарё серозер мешавад. Ноболиғон Аминов Аҳрор ва Одинаев Қандар, хонандагони синфи 11 аз деҳаи Хушекат, ки дар дохили мошин будаанд, ба ҳалокат мерасанд. Ронанда Қурбоналӣ Офоқов бошад, баъди худро аз мошин партофтан зинда мемонад.
Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, ҳоло нисбат ба ин ронанда бинобар ғайриқонунӣ рондани мошин парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ